spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки дар сомонаи фишингӣ қарор доред?

Сомонаҳои фишингӣ метавонанд ба маълумоти шахсии шумо, аз ҷумла бонкӣ, дастрасӣ пайдо карда ба шумо зарари молӣ расонанд.

Инҷо чанд маслиҳат барои шинохтани сомонаҳои фишингӣ:

Маслиҳати аввал

Сатри суроғаҳоро бодиққат омӯзед. Агар пеш аз суроғаи сайт нишони баста ва ҳарфҳои https мавҷуд бошад, пайвасти шумо бо сервери сайт рамзгузорӣ шудааст. Аммо, вақтҳои охир ин гуна пайвастшавӣ дар сомонаҳои фишингӣ низ пайдо шудааст.

Маслиҳати дуввум

Суроғаи худи сомонаро тафтиш намоед. Қаллобон бештар ба суроғаи сомонаҳо ҳарф ё рамзи иловагӣ ҳамроҳ мекунанд. Инчунин домен низ метавонад фарқ кунад. Барои мисол, .org ба ҷои .com Агар шумо суроғаи асли сомонаро дар ёд надоред, дар сомонаи ҷусторӣ онро ёфта муқоиса намоед.

Маслиҳати сеюм

Ба тарҳи сомона диққати махсус диҳед. Азбаски таҳияи вебсайт хеле гарон аст ва кори зиёдро талаб мекунад, қаллобон аксар вақт инро сарфа мекунанд. Хатоҳои имлоӣ, тасвирҳои пастсифат, тарҳҳои аз ҳад зиёд оддӣ ва пайвандҳои ғайрифаъол метавонанд нишонаи сомонаи фишингӣ бошанд.

Маслиҳати чорум

Ҳангоми пардохт барои харид ё хидматҳои онлайнӣ, шуморо бояд ҳатман ба саҳифаи пардохти бехатар гузаронад, яъне ба сафҳаи алоҳида бо URL-и нав. Он ҷо бояд ҳатман усулҳои маъмули пардохт, ба монанди Visa Secure, MasterCard SecureCode ва ғайра мавҷуд бошанд. Инчунин, дар саҳифа бояд логотипи фаъоли ин хизматрасониҳо нишон дода шуда бошад.

Аз ҳама муҳим, онҳо пайванди фаъол дошта бошанд ва вақти нохун задан бояд ба саҳифаҳои расмии худи ин системаҳо гузаронанд.

Боз чӣ гуна шумо метавонед худро муҳофизат кунед?

Аввалан, ҳеҷ гоҳ пайванд ё мактубҳои аз ҷониби шахсони номаълум ё шубҳанок ворид шударо боз накунед. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ба пайвандҳои номаълум ворид нашавед, ҳамчунин ҳеҷ гоҳ равзанаҳои худкушодашавандаро боз накунед.

Дуввум, коршиносон тавсия медиҳанд, ки барои хариди онлайн корти алоҳида гиред. Шумо бояд танҳо маблағи заруриро ба он фавран пеш аз харид интиқол диҳед.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...