“Пули нав”-и Хуҷанд баъди 60 сол таъмир мешавад. Он барои 5 рӯз баста хоҳад буд

Пули асосии дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд, ки 60 сол инҷониб таъмир нагардида буд, ҳафтаи равон тармим мешавад ва то охири ҳафта, 29-уми октябр, баста хоҳад монд. Дар ин бора Маъмур Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд, ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, корҳои таъмирии ин пули хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки ду соҳили Сирдарёро ба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Пули асосии дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд, ки 60 сол инҷониб таъмир нагардида буд, ҳафтаи равон тармим мешавад ва то охири ҳафта, 29-уми октябр, баста хоҳад монд. Дар ин бора Маъмур Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд, ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, корҳои таъмирии ин пули хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки ду соҳили Сирдарёро ба ҳам мепайвандад, дирӯз, 25-уми октябр, оғоз шудааст ва охири ҳафта пас аз тармим ба истифода дода мешавад.

Гуфта мешавад, пули мазкур, ки дар байни сокинон бо номи “Пули нав” машҳур аст, 60 сол инҷониб мавриди истифода қарор дошта, таъмирталаб гардида буд ва масъалаи тармими он аз ҷониби рӯзноманигорон дар ҳама нишастҳои матбуотии Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, баррасӣ мегардид.

Маъмур Юсуфзод афзуд, ин пули мошингузар беш аз 250 метр дарозӣ ва 11,6 метр паҳноӣ дошта, давоми панҷ рӯз қубурҳои обгузар таҷдид ва худи пул мумфарш карда мешавад.

Ӯ гуфт, ки сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ва ронандагони мусофирбар то ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ дар ин пул метавонанд, ки аз роҳҳои ҳамшафат ва “Пули ҷашнӣ” ё тавре дар миёни мардум маъруф аст “Пули куҳна” истифода намоянд.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки ин пул аз кадом ҳисоб тармим мешавад ва Маъмур Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд низ, ҳозир нашуд сарчашмаи маблағ барои таъмири пулро ба мо шарҳ диҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.