Амрико ба сокинони осебдидаи Исфара кумак кард

ИМА ба садҳо сокини осебдидаи Исфара бо маводи ниёзи аввал кумак мерасонад, хабар медиҳад Сафорати ИМА дар Тоҷикистон. Ин кумакҳо шомили кат, матрас, рахти хоб ва либоси зимистона барои сокинони овораи Исфара гуфта мешавад. "Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ашёро барои қонеъ кардани ниёзҳои башардӯстонаи мардуми Тоҷикистон, ки аз даргириҳои марзӣ дар вилояти Суғд осеб дидаанд, […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

ИМА ба садҳо сокини осебдидаи Исфара бо маводи ниёзи аввал кумак мерасонад, хабар медиҳад Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Ин кумакҳо шомили кат, матрас, рахти хоб ва либоси зимистона барои сокинони овораи Исфара гуфта мешавад.

"Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ашёро барои қонеъ кардани ниёзҳои башардӯстонаи мардуми Тоҷикистон, ки аз даргириҳои марзӣ дар вилояти Суғд осеб дидаанд, муҳим арзёбӣ кардааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ин кумакҳоро тақсим карда, ба осебдидагон кумак мерасонад",-афзудааст Сафорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ ин кумак дар натиҷаи ҳамкории Сафорати ИМА дар Душанбе ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои ҳамоҳангсозии парвози ҳавопаймои боркаши Вазорати дифои ИМА, ки ин маводро интиқол додааст, имконпазир гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари мунокишаи ахири марзӣ манзилҳои зиёди сокинони минтақаи наздимарзӣ осеб диданд. Дар умум хонаҳо дар деҳаҳои Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва деҳаҳои Овчиқалача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷони ноҳияи Ғафуров хароб шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.