Яндекс Go дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард

Date:

Ба бозори хидматрасонии таксии Тоҷикистон боз як бозигари нав – ширкати “Яндекс GO” ворид шуд. Ин ширкат, ки ҳанӯз ду моҳ қабл овозаҳо дар хусуси вориди бозори таксии Тоҷикистон шудани он паҳн гардида буд, аз имрӯз, 15-уми феврал ба кор оғоз намуд. Хидматрасонии ин ширкат ҳоло танҳо дар Душанбе дастрас аст.

Дар ин хусуси Кирилл Свинцов, директор оид ба рушди “Яндекс GO” дар ИДМ хабар дод.

Ӯ гуфт, ки нархи хидматрасонии ширкати мазкур аз 10 сомонӣ оғоз мегардад ва муштариён метавонанд бо нишон додани нишонии дурусти худ ва нуқтаи расидан ба макони лозима, арзиши хидматрасониро аз қабл маълум намоянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки хабарҳо дар хусуси воридшавии ширкати “Яндекс GO” ба бозори хидматрасонии таксии Тоҷикистон замоне расонӣ шуд, ки кормандони БДА-и Душанбе ба чидани рақами қайди давлатии таксиҳое пардохтанд, ки соли бароришашон аз то соли 2016 аст. Он замон мақомот бо ҳар баҳона сабаби аслии ин иқдомро шарҳ надоданд, аммо маҳз дар он замон пайдо шудани эълонҳои таблиғотии ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯҳоро дар хусуси вориди бозор шудани “Яндекс GO” зиёд намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...