Эҳтимоли аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум кардани муҳоҷирони фарзандонашон аз таҳсил дурмонда дар мактабҳои Русия

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод кардааст, муҳоҷироне, ки фарзандонашонро барои таҳсил ба мактабҳо намедиҳанд, аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум карда шаванд. Дар ин бора ӯ зимни сафараш ба вилояти Калуга изҳори назар кардааст. “Вобаста ба фарзандон модар гуфта метавонад: “Ман намехоҳам, ки фарзандам дар мактаб таҳсил кунад”. Модар аз оилаи […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод кардааст, муҳоҷироне, ки фарзандонашонро барои таҳсил ба мактабҳо намедиҳанд, аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум карда шаванд. Дар ин бора ӯ зимни сафараш ба вилояти Калуга изҳори назар кардааст.

“Вобаста ба фарзандон модар гуфта метавонад: “Ман намехоҳам, ки фарзандам дар мактаб таҳсил кунад”. Модар аз оилаи муҳоҷирон аст. Мебояд гуфт, волидон ба ҷуз ҳуқуқ, уҳдадориҳо ҳам дошта, бояд фарзандони худро бо маълумот таъмин кунанд. Агар дар Русия чунин қабул шуда бошад, ки ҳамаи кӯдакон таҳсилдида ҳастанд, онҳо ҳам бояд ин корро кунанд. Агар не, пас бубахшед, ба фикри ман, бояд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд”, – мегӯяд Фадеев.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли гузашта Валерий Фадеев изҳор дошта буд, ки фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, набояд ба мактабҳо қабул карда шаванд. Он замон ӯ зидди расмиёти соддашудаи додани шаҳрвандии Русия барои фаъолияти ризокорӣ (волонтёрӣ) ё барқарор кардани зерсохтор дар Донбасс ва қаламрави зери назорати неруҳои низомии Русиядар Украина изҳори назар карда буд.

Фадеев огоҳ карда буд, ки додани шиноснома бо тартиби соддашуда “метавонад ба вуруди оммавии сохтмончиён аз Осиёи Миёна бидуни донистани забони русӣ ва қонунҳои Русия барои гирифтани шаҳрвандии Русия боис гардад”.

Бино ба маълумоти Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, дар моҳи ноябри соли 2022 ҳудуди 6 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки нисфи онҳо муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.