Ба Тоҷикистон беш аз 450 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 тақдим гардид

Ба Тоҷикистон 451ҳазору 200 воя ваксинаи “Janseen” – зидди COVID-19 дар доираи механизми COVAX ва бо дастгирии кишвари Британияи Кабир ворид гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон. Ба иттилои ин ниҳод, вояҳои ваксинаи мазкур дирӯз, 16-уми март, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ба Тоҷикистон 451ҳазору 200 воя ваксинаи “Janseen” – зидди COVID-19 дар доираи механизми COVAX ва бо дастгирии кишвари Британияи Кабир ворид гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Ба иттилои ин ниҳод, вояҳои ваксинаи мазкур дирӯз, 16-уми март, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон қабул карда шуд.

То имрӯз теъдоди умумии шаҳрвандони моякӯбишуда дар кишвар 5 миллиону 96 ҳазору 217 нафарро ташкил медиҳад (ба ин теъдод ҳама, онҳое, ки як, ду, се ё чаҳор воксин қабул кардаанд, дохил мешавад) гуфт, сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир 97,8 дарсади шаҳрвандон як, 97,8 дарсад ду, 97,3 дарсад се ва 82,7 дарсад чаҳор маротиба моякӯбӣ шудаанд.

Ӯ зикр кард, ки эмгузаронии шаҳрвандони болиғ дар Тоҷикистон аз 23 марти соли 2021 оғоз шуда, тибқи қарори ситоди мубориза бо коронавирус ҳатмӣ ва ройгон аст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти сомонаи covid.tj, аз 18 феврали соли гузашта дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор нашудааст.

Аз оғози пандемия, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, то 17 феврали соли гузашта дар Тоҷикистон теъдоди гирифторон ба ин беморӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва теъдоди умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 264 нафарро ташкил додааст.

Теъдоди расмии фавтидагон аз нимаи дуюми соли 2021 бетағйир монд – 124 нафар.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.