Моҳидорӣ дар Тоҷикистон то тобистон манъ шуд

Бо қарори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 апрел то 15 июн моҳидорӣ дар ҳамаи обанборҳои ҷумҳурӣ манъ карда мешавад. Ин як чорабинии ҳамасола ҳангоми тухмгузорӣ барои нигоҳдорӣ ва афзоиши захираҳои моҳӣ мебошад. Ба сохторҳои маҳаллии Кумита дар шаҳру навоҳӣ дастур дода шудааст, ки ҳар 15 рӯз дар бораи ҳолати захираҳори моҳӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бо қарори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 апрел то 15 июн моҳидорӣ дар ҳамаи обанборҳои ҷумҳурӣ манъ карда мешавад.

Ин як чорабинии ҳамасола ҳангоми тухмгузорӣ барои нигоҳдорӣ ва афзоиши захираҳои моҳӣ мебошад.

Ба сохторҳои маҳаллии Кумита дар шаҳру навоҳӣ дастур дода шудааст, ки ҳар 15 рӯз дар бораи ҳолати захираҳори моҳӣ ва пешгирии моҳидории ғайриқонунӣ ҳисобот диҳанд.

Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи олами ҳайвонот барои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 3 то 5, барои шахсони мансабдор – аз 10 то 15 ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 68 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки солҳои 90-уми садаи гузашта ва аввали солҳои 2000-ум бар асари моҳидории беназорат ба захираҳои моҳии Тоҷикистон зарари зиёд расонида шуд.

Пас аз солҳои 2010-ум вазъият тағйир ва рӯ ба беҳбудӣ оварда, захираҳои моҳии Тоҷикистон тадриҷан зиёд мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.