Саҳфаи расмии ҳукумати Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фейсбук нахустин видео дар бораи паноҳандагони Афғонистонро ба ин вилоят нашр кард. Бино ба маълумоте, ки дар ин видео пешниҳод мешавад, шумори ин фирориён бештар аз 400 нафар будааст.
Дар ин видео, ки аз пойбандии Тоҷикистон ба қавонини байналмилалӣ дар ростои паноҳандагону ҳуқуқи башар таблиғ мешавад, зикр мегардад, ки "гурезагоне, ки аз даҳшати ҷангиёни гуруҳи "Толибон" ба ҷониби хоки Тоҷикистон роҳ пеш гирифтаанд пазироии самимӣ шудааст".
Дар ин видео гуфта мешавад, ки фирориён дар ҷойҳои муайян ҷо ба ҷо шудаанд. Зоҳиран ба далоили амниятӣ макони буду боши ин паноҳандагон дар видео зикр намешавад. Ҳамчунин дар ин видео гуфта мешавад, ки ин паноҳҷӯён дар давоми чанд рӯзи охир ба хоки Тоҷикистон фирор кардаанд.
Дар ин видео чанде аз паноҳҷӯён аз Эмомалӣ Раҳмон ташаккур мекунанд ва мегӯяд, ки шароити хуберо Тоҷикистон барояшон муҳайё кардааст.
Дирӯз сухангӯйи ҳукумати ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки аксари фирориёни Афғонистон дар ин вилоятро занону кӯдакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.
Ниятбеков гуфт, ки паноҳандагон дар ҷойи амн қарор доранд, вале ба хотири амният ҷойи нигаҳдории муввақатии онҳоро зикр намекунанд.
Ӯ ҳамзамон изҳор кард, ки созмонҳои ғайридавлатӣ барои қабули паноҳандагони Афғонистон аз ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кардаанд.
«Барои паноҳандагон, ҷониби Тоҷикистон тамоми шароитро муҳаё кардааст ва онҳо дар ҷойи бехатар мебошанд», -гуфт Ниятбеков.
Сухангӯи ҳукумати ВМКБ ҳамчунин гуфт, ки мавзуъи фирориён дар дидори дирӯзаи раиси вилоят Ёдгор Файзов бо роҳбарии Комисарияти олии СММ дар умури гурезаҳо дар Тоҷикистон, масъулини Идораи СММ дар умури амният, дафтари ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон ва раҳбарияти Хадамоти Оқохон дар бахши макони зистро ба ҳузур пазируфт.