Хадамоти матбуоти президент навори видеоро дар бораи ҳаракати қатораи автомашинаҳои президент дар роҳи таъмиру навсозишуда нашр кард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 октябр дар маросими ифтитоҳи марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии “Душанбе – Бохтар” иштирок кард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 млн доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 млн доллар саҳми Тоҷикистон бунёд карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи сеюм ба категорияи яки “Б” гузаронида шуд. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.