Президент ба Ваҳдат рафт

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази барқарорсозии саломатии кӯдакон дар шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат ширкат варзид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, чанде баъдтар сарвари давлат ба корҳои сохтмонии роҳи оҳани «Ваҳдат-Ёвон, ки яке аз қисматҳои роҳи оҳани «Душанбе-Қӯрғонтеппа» мебошад, ҳусни оғоз хоҳад […]


Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази барқарорсозии саломатии кӯдакон дар шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат ширкат варзид.




Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, чанде баъдтар сарвари давлат ба корҳои сохтмонии роҳи оҳани «Ваҳдат-Ёвон, ки яке аз қисматҳои роҳи оҳани «Душанбе-Қӯрғонтеппа» мебошад, ҳусни оғоз хоҳад бахшид.



Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва банақшагирии оилаи вазорати тандурустии ҶТ Шералӣ Раҳматуллоев, барои корҳои таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазсозии маркази барқарорсозӣ 3,5 млн. сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки 2,2 млн. сомонии он аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ ҷудо гардидааст. Дар ин кор ҳамчунин Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) низ саҳм гирифтанд.



Ш.Раҳматуллоев таъкид сохт, ки марказ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, дар он барои муолиҷаи пурсамари кӯдакони бемор ҳама шароитҳо фароҳам сохта шудаанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.