“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда

Қариб як сол инҷониб тафтишҳои ногаҳонӣ, муносибати дағал, фишор ба муҳоҷирони тоҷик ва ихроҷи онҳо аз Русия зиёд шудааст. Дар аксар ҳолат муҳоҷиронро бе асоси воқеӣ аз ин кишвар ихроҷ мекунанд. Мо бо се муҳоҷире суҳбат кардем, ки ба таври гуногун аз Русия ихроҷ шудаанд, ҳарчанд ҳуҷҷатҳои ҳамаи онҳо дуруст буд, камбуде надошт ва онҳо қонунҳоро […]

Asia-Plus

Қариб як сол инҷониб тафтишҳои ногаҳонӣ, муносибати дағал, фишор ба муҳоҷирони тоҷик ва ихроҷи онҳо аз Русия зиёд шудааст. Дар аксар ҳолат муҳоҷиронро бе асоси воқеӣ аз ин кишвар ихроҷ мекунанд.

Мо бо се муҳоҷире суҳбат кардем, ки ба таври гуногун аз Русия ихроҷ шудаанд, ҳарчанд ҳуҷҷатҳои ҳамаи онҳо дуруст буд, камбуде надошт ва онҳо қонунҳоро риоя мекарданд.

“Соат 4-и шаб буд, ки кормандони “ОМОН”-и рус зада, дарро шикастанд ва ба манзиламон даромаданд. Ҳамаро заданд, масхара карданд, дар сарамон шампун рехтанд, як касро қошҳояшро тарошиданд ва ҳарчӣ ба дасташон афтод, бо он заданд. Зада-зада ба берун барварданд. Ҳама бачаҳо маъиб шуданд, сарҳо дарида буд. Лаби ман ҳам дарид, миёну пуштам сиёҳ ва сутунмӯҳраам маъиб шуд. Нафаҳмидам чаро заданд, чун ҳуҷҷатҳоямро нав карда будам”, – ба ёд меорад Файзалӣ Турдиев, сокини ноҳияи Восеъ, ҳодисаи аз сараш се моҳ пеш гузаштаро.

Пас аз латукӯб, Файзалӣ ва ҳамкоронашро ба шӯъбаи пулис бурда, ҷарима карданд ва ҷавоб доданд, чунки ҳама ҳуҷҷатҳояшон дуруст буд.

Ҳамин тавр, корфармо ҳам маблағи корашонро надод. Се моҳ бе пулу кор дармонда, бо азобе маблағ пайдо карданду ба Ватан баргаштанд.

Ҳамакнун, Файзалӣ бо осори он латукӯби кормандони пулиси рус зиндагӣ дорад. Ӯ бо миёни дардманд дигар корҳои вазнин намекунад ва ҳоло бекор аст.

Қиссаҳои муҳоҷирони ихроҷшударо муфассал дар гузориши мо бубинед.

https://www.youtube.com/watch?v=s5HrWo2W5To?si=1bxldiTJmzuJDyFC

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.