Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд

Бо қарори ҳукумати кишвар Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷои ӯ Носир Саид, ки то ин дам роҳбари телевизиони “Сафина” буд, ба ин мансаб таъйин гардидааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи телевизион ба "Азия-Плюс" хабар дод. Манбаъи мо гуфт, Нуриддин Саид, ки то ин дам дар ҳукумат […]

Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати кишвар Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷои ӯ Носир Саид, ки то ин дам роҳбари телевизиони “Сафина” буд, ба ин мансаб таъйин гардидааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи телевизион ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Манбаъи мо гуфт, Нуриддин Саид, ки то ин дам дар ҳукумат дар вазифаҳои баланд кор кардааст, ба нафақа рафт. 

Ӯ аз ҷумла соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва солҳои 2008-2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Баъдан беш аз 8 сол дар курсии вазири маориф ва илм (2012-2020) кор кард.

Нуриддин Саид бо баёнияҳои аҷибаш дар матбуот ва расонаҳо шӯҳрат дошт. Аз ҷумла, дар замони вазириаш ҳамчун муаллифи ибораи “латукӯбизатся” маъруф шуд.

Пасон дар замони раиси кумита будан ҳам як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Аз ҷумла, нашри некролог дар бораи дарузашти чеҳраҳои шинохтаро манъ кард ва супориш дод, ки дар рекламаи ТВ набояд мардони ришдор бошанд.

Раиси нави Кумитаи ТВ ва радио Носир Саид яке аз чеҳраҳои ошно дар синамо ва журналистика аст. Ӯ аз соли 2012 директори киностудияи “Тоҷикфилм” буд ва соли 2017 роҳбари телевизиони “Сафина” таъийн шуд. Ӯ 59-сола аст ва коргардони чандин филми ҳунарист, ки ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардааст.

Ба иттилои манобеи мо, ба ҷои Носир Саид, Садриддин Шамсиддинзода раиси нави телевизиони “Сафина” таъин шудааст. Садриддин Шамсиддинзода то ин дам раиси телевизиони "Ҷаҳоннамо" буд. Ӯ қаблан дар вазифаҳои директори АМИТ “Ховар” ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио кор кардааст.

Ба ҷои Садриддин Шамсиддинзода, раиси нави телевизиони "Ҷаҳоннамо"  Соҳибназари Ғоиб таъин шудааст.

Соҳибназари Ғоиб то кунун директори телевизиони "Хатлон" буд. Аз ин пеш ба ҳайси хабарнигори ТВ “Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон фаъолият дошт. Соҳибназари Ғоиб писари Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб аст, худаш ҳам шеър менависад ва то кунун чанд маҷмӯаи ашъорашро ба чоп расонидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.