Душанбе. 25-уми декабр – Дирӯз маросими ба имзо расидани Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, баргузор гардид. Протоколро вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири ҶИА дар Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ имзо карданд.
Ёдовар мешавем, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо 27-уми июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Созишномаи мазкур аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июни соли 2008 ва аз ҷониби Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 24-уми сентябри соли 2008 тасдиқ шудааст.
Пас аз анҷоми маросими имзои Созишнома Ҳамрохон Зарифӣ зикр кард, ки Афғонистон барои мо кишвари дӯсту наздик аст ва ҳамаи иқдомҳо ҷиҳати рушди ин кишвар равона шудаанд. Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ гуфт, ки Афғонистон бо Тоҷикистон на танҳо дар ин самт, ҳамзамон дар бахшҳои иқтисод, коммуникатсия ва илму маориф низ ҳамкории зич дорад. Ӯ тазаккур дод, ки имрӯз дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон қариб 228 нафар шаҳрвандони Афғонистон маҳбусанд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.