Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт

Date:

Олег Дмитриевич Соболев – яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон дар шаҳри Волгоград дар 102-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Ӯ бо оилааш чанд сол пеш аз Душанбе ба он ҷо кӯчида ва рӯзи 3-юми апрел 101-умин солгарди худро ҷашн гирифта буд.

Олег Соболев беш аз 50 сол – аз моҳи марти соли 1959 то 1 январи соли 2013 ба ҳайси мухбир ва муҳаррир дар Агентии миллии иттилоотии “Ховар” (қаблан ТоҷикТА) кор кардааст.

Баъд аз он ки Олег Дмитриевич бо сабаби саломатиаш аз журналистика рафт, ӯ ба навиштани китобҳо шурӯъ кард. Бисёре аз асарҳои ӯ ба ҷанг бахшида шудаанд. Дар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Лаҳистон, кишварҳои назди Балтика, Финляндия, Олмон ва Чехия ҷангидааст.

Солҳои 1950-ум Соболев ба Тоҷикистон омада, дар рӯзномаҳои "Точикистони Сурх", "Комсомолец Таджикистана" ва "Сталинобод" кор кардааст. Ӯ муаллифи чандин китобҳо, аз ҷумла "Ҷанг, Ғалаба, дил, дард", "Дар рӯзҳои муҳосира дар зери Ленинград", "Ба ту, рӯзноманигори ҷавон" ва дигарон мебошад.

Соли 2008 рӯзноманигор пурра биноиро аз даст дод, аммо бо ёрии ҳамсараш боз ҳам панҷ китоб нашр кард.

Барои саҳми назаррас дар рушди фарҳанги Тоҷикистон ба Олег Соболев унвони фахрии "Корманди шоистаи фарҳанг" дода шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...