“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст

Маҳдудияти интиқоли барқ ё “лимит” аз 11-уми апрел дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шабона бекор шудааст. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ӯ гуфт, рӯзҳои наздик маҳдудияти интиқоли барқ пурра бекор шуда, сокинон бо нерӯи барқ таъмин мегарданд. Аммо санаи мушаххасеро зикр накард. “Ин аз сатҳи оби дарёи Вахш […]

Asia-Plus

Маҳдудияти интиқоли барқ ё “лимит” аз 11-уми апрел дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шабона бекор шудааст.

Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, рӯзҳои наздик маҳдудияти интиқоли барқ пурра бекор шуда, сокинон бо нерӯи барқ таъмин мегарданд. Аммо санаи мушаххасеро зикр накард.

“Ин аз сатҳи оби дарёи Вахш ҳам вобаста аст”, – гуфт ӯ.

Дирӯз аз  ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки “давоми як-ду рӯзи оянда маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар бекор мешавад”.

Муҳаммад Ғуломов, мудири Раёсати назорати тақсимоти барқ дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки масъули тақсимоти барқ дар кишвар аст ва реҷаи интиқоли онро ба аҳолӣ муайян мекунад, гуфт, “рӯзҳои охир воридшавии об аз ҳисоби боришоти борон ва гарм шудани ҳаво дар дарёи Вахш зиёд шудааст ва дар як-ду рӯзи оянда маҳдудияти барқ пурра бекор мешавад”.

Ӯ таъкид намуд, ки “маҳдудияти интиқоли барқ ба аҳолӣ имрӯз (10-уми апрел) бояд бекор мешуд, аммо бо баъзе сабабҳо каме ба таъхир уфтод”.

Бояд гуфт, таъмини аҳолӣ бо барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон аст. Ҳар сол бо оғози мавсими сардӣ дар интиқоли барқ ба аҳолӣ, махсусан дар манотиқи кишвар, маҳдудият ва ё ба қавли миёни мардуи маъмул, “лимит” ҷорӣ мешавад ва он то нимаи баҳор, маъмулан то моҳи апрел идома меёбад. Дар ин муддат ба аҳолии манотиқи кишвар бо реҷаи муайян, яъне чанд соат дар як шабонарӯз барқ дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.