Дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ 10 даста иштирок мекунанд, ки дар ҳайати онҳо 44 бозигари хориҷӣ (легионерҳо) аз 13 кишвар ва 3 қора ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи кишвар.
Теъдоди аз ҳама бештари онҳо 26 бозигар аз Африқо мебошанд. Қораи Осиёро 13 бозигар аз 4 кишвар ва Аврупоро – 5 бозигар намояндагӣ мекунанд.
Аз ҳама бештар легионерҳо Аз Гана мебошанд. -дар мавсими нав 14 намояндаи ин кишвар дар дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон бозӣ мекунанд.
Дар зинаи дуюм аз лиҳози теъдоди легионерҳо Камерун (8 бозигар) ва сеюм – Ӯзбекисстон (7 легионер) қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи регламенти чемпионати Тоҷикистон дар мавсими соли 2023, дастаҳои Лигаи олӣ то 7 нафар легионерҳоро ба ҳайати худ қабул карда метавонанд. Дар ҳамин ҳол, дар як вақт дар майдон танҳо 5 легионер бозӣ карда метавонанд.
Аз ҳама зиёдтар легинерҳо дар дастаҳои “Равшан” ва “Файзканд” – 7 нафарӣ бозӣ мекунанд, ки бо ин дастаҳо қарордод бастаанд.
Ғайр аз ин, сармурабииёни 4 дастаи футболи Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Дар дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон пеш аз ин легионерҳо аз Русия, Ӯзбекистон, Украина, Бразилия, Гана, Эрон, Сербия ва дигар кишварҳо бозӣ кардаанд ва ё айни замон ҳунарнамоӣ мекунанд.