Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Иди Ғалаба ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон (ҶБВ), ки ҳоло ҳамагӣ 17 нафар боқӣ мондаанд, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора Алишер Шарифов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ӯ иброз дошт, ки ин […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Иди Ғалаба ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон (ҶБВ), ки ҳоло ҳамагӣ 17 нафар боқӣ мондаанд, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.

Дар ин бора Алишер Шарифов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ӯ иброз дошт, ки ин маблағ то 9-уми май супорида мешавад.

Соли гузашта раисҷумҳур ба ҳар як иштирокчии ҶБВ дар кишвар, ки 24 нафар буданд, 40 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.

Ҳар сол ҳукуматҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон низ ба иштирокчиёни ҶБВ, ки дар минтақаашон зиндигӣ мекунанд, маблағ ҷудо мекунанд.

Ҳукумати вилояти Суғд низ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҶБВ, ки ҳоло дар ин минтақа 2 нафар мебошанд, 15 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Ҳамчунин, ба ҳар як иштирокчии ақибгоҳ, ки 51 нафар боқӣ мондаанд, 8 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.

Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Шаҳрдории Душанбе, ҳукуматҳои вилояти Хатлону Бадахшон ҳам дар гузашта ба собиқадорони ҷанг маблағ ҷудо мекарданд. Имсол ин ниҳодҳо чӣ қадар маблағ ҷудо карданд, то ҳол маълум нест.

Соли гузашта Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба ҳар як собиқадори ҶБВ дар пойтахт (таъдоди онҳо 3 нафар буд) 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд. Ҳукумати вилояти Хатлон ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 5 ҳазор сомонӣ супорида буд.

Бояд гуфт, ки дар баробари ин, ҳар сол аз номи раисони шаҳру навоҳӣ низ ба иштирокчиёни  ҶБВ, ки дар шаҳру навоҳиашон зиндагӣ мекунанд, кумакҳои молӣ расонида мешавад.

Дар Тоҷикистон ба ҳолати 14-уми апрели соли 2025-ум 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Соли гузашта теъдоди собиқадорон 24 нафар буданд.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон 8 – нафар, дар вилояти Суғд 2 – нафар, шаҳри Душанбе 2 -нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ 5 – нафар зиндагӣ доранд.

Инчунин, дар кишвар 134 нафар собиқадорони ақибгоҳ, ки дар ҶБВ хидмат кардаанд, дар ҳаёт ҳастанд.

Ёдрас мешавем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

Соли 2005 теъдоди собиқадорони ҶБВ 9 ҳазору 900 нафар, соли 2020 – 168 нафар, соли 2021 – 98 нафар, соли 2022 – 59 нафар ва соли 2023 – 42 нафарро ташкил медод.

Дар муддати 20-сол 9 ҳазору 883 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дунёро тарк кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.