Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?

  Муҳлати будубоши муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия то 10 сентябр дароз карда шуд. Амри дахлдори президенти Русия 28 апрел имзо ва дар пойгоҳи санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст. Қаблан барои муҳоҷирон барои қонунӣ кардани ҳузури худ дар Русия то 30 апрел муҳлат дода шуда буд. Дар ҳамин ҳол, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия шиддат меёбад. […]

Asia-Plus

 

Муҳлати будубоши муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия то 10 сентябр дароз карда шуд. Амри дахлдори президенти Русия 28 апрел имзо ва дар пойгоҳи санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст. Қаблан барои муҳоҷирон барои қонунӣ кардани ҳузури худ дар Русия то 30 апрел муҳлат дода шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия шиддат меёбад. Мақомоти ин кишвар давоми танҳо як соли гузашта беш аз даҳ қонун таҳияву қабул карданд, ки барои будубош ва фаъолияти ғайриқонунӣ муҷозоти сангин ва ихроҷро пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Русия мегӯяд, ягона роҳи будубошу фаъолияти бидуни мушкил қонунигардонии асноди дахлдор аст. Ниҳодҳои зиддахли Тоҷикистон ҳам аз шаҳрвандон пайваста хоҳиш мекунанд, ки будубош ва фаъолияти худро дар Русия қонунӣ кунанд ва аз ҳар гуна муҷозот орӣ бошанд.

Пештар мо дар навори алоҳида оид ба тартиби хориҷ шудан аз Рӯйхати шахсони таҳти назорати ВКД-и Русия, муфассал маълумот дода будем. Ин бор дар бораи қонунигардонии будубош дар Русия қадам ба қадам маълумот медиҳем.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.