Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон – Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ дар Теҳрон вохӯрдаанд. Ин дидор имрӯз, 17-уми май дар ҳошияи чаҳорумин Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон баргузор гардида, дар он масоили амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудаанд. Аммо ҷузъиёти мушаххаси ин гуфтугӯҳо дастрас нест. Ба навиштаи хабаргузории ИСНА дар ин мулоқот таҳаввулоти ахири минтақаӣ ва […]

Asia-Plus

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон – Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ дар Теҳрон вохӯрдаанд.

Ин дидор имрӯз, 17-уми май дар ҳошияи чаҳорумин Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон баргузор гардида, дар он масоили амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудаанд. Аммо ҷузъиёти мушаххаси ин гуфтугӯҳо дастрас нест.

Ба навиштаи хабаргузории ИСНА дар ин мулоқот таҳаввулоти ахири минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳам баррасӣ шуда, ҷонибҳо аз вазъи Ховари Миёна изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо ба зарурати идомаи ҳамкориҳои минтақаӣ, бахусус дар масъалаи Афғонистон таъкид кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи гузашта вориди Теҳрон шуд. Ӯ дар ин сафар қарор аст бо Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ҳам дидор анҷом дода, дар чаҳорумин Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон, ки аз 17 то 19-уми май баргузор мегардад, ширкат кунад.

Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон соли 2017 таъсис ёфта, як майдон барои мулоқот ва музокира мебошад, ки барои таҳкими ҳамкориҳо, табодули назарҳо ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст. Ин маҷма ба кишварҳо ва ниҳодҳои гуногун имкон медиҳад, ки дар муҳити дӯстона ва бидуни танқидҳои шадид бо ҳам мубодилаи афкор кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.