Дар шаҳри Душанбе консерти пуршукӯҳи сарояндаи эстрадаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова доир мегардад. Билетҳоро метавон танҳо дар сомонаи ticketon.tj дастрас кард.
Консерти ситораи санъати эстрадаи Ӯзбекистон рӯзи 22 май дар “Амфитеатр”-и пойтахт баргузор мешавад. Консерт ду соат давом мекунад.
Созмондиҳандагони консерт огоҳ мекунанд, ки ба консерт танҳо пеш аз оғози он омадан мумкин аст. Баъди соати 18:00 бошад, даромадан манъ мешавад. Касоне, ки бо мошини шахсиашон меоянд, таваққуфгоҳи бепул дода мешавад.
Билетҳоро бо гузаштан ба ин суроға харидан мумкин аст.
Арзиши билетҳои консерт вобаста ба қатор аз 300 то 400 сомониро ташкил медиҳад.
Бепул даромадан бидуни ҷой танҳо ба кӯдакони синни то 3-сола иҷоза дода мешавад.
Юлдуз Усмонова овозхони эстрадаи Ӯзбекистон, оҳангсоз, продюсер ва Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон мебошад. Репертуари ӯ аз зиёда аз 600 суруд бо забонҳои гуногун, аз ҷумла ӯзбекиву тоҷикӣ, туркӣ, уйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, русӣ форсӣ ва ғайра иборат аст. Ба ҷуз Ӯзбекистон, албомҳои таронаҳои ӯ дар Олмону ИМА, Англия, Туркия ва Голландия нашр шудаанд.
Бори аввал нест, ки Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон консерт мегузаронад ва ҳамеша ба ин консертҳо мухлисони серушумораш ҷамъ меоянд. Соли 2021 ӯ дар консерт бахшида ба дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иштирок кард.