Дастаи “Хуҷанд” барои таъмин бо автобуси нав ба раиси вилояти Суғд муроҷиат кард

Дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо дархости таъмин кардани даста бо автобуси нав ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат кард. Муроҷиат дар саҳифаи даста нашр шуда, миёни мухлисон баҳсбарангез шуд. Аз дастаи “Хуҷанд” гуфтанд, ки автобуси муосир натанҳо барои равуо ва сафари футболбозон лозим аст, балки он рамзи мақому нуфузи даста ва ғамхорӣ нисбат […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо дархости таъмин кардани даста бо автобуси нав ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат кард. Муроҷиат дар саҳифаи даста нашр шуда, миёни мухлисон баҳсбарангез шуд.

Аз дастаи “Хуҷанд” гуфтанд, ки автобуси муосир натанҳо барои равуо ва сафари футболбозон лозим аст, балки он рамзи мақому нуфузи даста ва ғамхорӣ нисбат ба футболбозон маҳсуб меёбад.

“Автобус хонаи даста дар роҳ аст. Бароҳатӣ ва дилпурии он мустақиман ба омодагӣ ва ҳунарнамоии варзишгарони мо таъсир мерасонад”, – зикр кардаанд дар даста.

Ба раҳбарияти вилоят ҳамчунин, чанд тарроҳӣ (дизайн) барои автобус бо рангҳои хоси даста ва тасвири уқоб – рамзи даста пешниҳод шуд.

 

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Мубориза шиддат меёбад

Дар ҳамин ҳол, дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон даври 15-ум анҷом ёфта, мубориза барои медалҳо шиддат ёфт. Пешсафии “Вахш”-и Бохтар  идома дошта, ягона дастаи Лига аст, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст. Дар бозии охирин даста бо ҳисоби 1:0 бар “Ҳосилот” дастболо шуд.

Пас аз ин ғалаба, “Вахш” ба 33 имтиёз соҳиб гардида, аз тими “Истиқлол”, ки дар паси ӯ қарор дорад, 3 имтиёз зиёд дорад. “Вахш” 9 ғалаба ва 6 мусовӣ дошта, ҳамагӣ 12 тӯб аз дарвозаи худ сар додааст, ки нишондиҳандаи беҳтарин аст. “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 тими “Панҷшер”-ро шикаст дода, 30 имтиёз дорад. Ҳамчунин, ин даста аз дигарон ҳоло 1 бозӣ камтар гузаронидааст.

Зинаи сеюмро бо 28 имтиёҳ КМВА (ЦСКА) касб мекунад, ки дар даври 15-ум бозиашро бо “Барқчӣ” мусовӣ – 0:0 анҷом дод. “Хуҷанд” баъди мусовӣ бо “Истаравшан” (1:1) бо 20 имтиёз дар зинаи 5-ум қарор дорад.

Лекин вазъият барои даста душвор аст, зеро рақибон хеле наздиканд ва тақвими оянда ҳам осон нест. Барои дохил шудан ба мубориза барои медалҳо “Хуҷанд”-ро лозим меояд, ки аз лаҳзаҳои қулайи голзанӣ хуб истифода барад ва дар вохӯриҳо бо рақибони мустақим имтиёзҳо ба даст орад.

Дар даври 16-ум “Хуҷанд” бо “Эсхата” вомехӯрад, ки ин бозӣ метавонад барои касби ҷойи 5-ум в идомаи мубориза барои медалҳо калидӣ бошад. “Вахш” – муқобили дастаи зинаи охир “Панҷшер”, “Истиқлол” – бо КМВА ва “Равшан” – бо “Регар-тадАЗ” бозӣ мекунанд. Ин вохӯриҳо метавонанд вазъи ҷойҳоро дар садри ҷадвал ба таври ҷиддӣ тағйир диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.