Пулиси Душанбе хадамоти пешниҳоди маълумотномаи доғи судиро ба роҳ мондааст

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар Душанбе эълон кард, ки дар ин ниҳод хидматрасонии пешниҳоди маълумотномаи доғи судӣ оғоз ёфтааст. Ин ниҳод имрӯз, 13-уми сентябр, гуфт, акнун сокинони пойтахт метавонанд, аз рӯзи душанбе то шанбе, аз соати 08:00 то 16:00 барои гирифтани ин санад ба РВКД дар Душанбе муроҷиат кунанд. Қаблан маълумотномаи доғи судиро танҳо […]

Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар Душанбе эълон кард, ки дар ин ниҳод хидматрасонии пешниҳоди маълумотномаи доғи судӣ оғоз ёфтааст.

Ин ниҳод имрӯз, 13-уми сентябр, гуфт, акнун сокинони пойтахт метавонанд, аз рӯзи душанбе то шанбе, аз соати 08:00 то 16:00 барои гирифтани ин санад ба РВКД дар Душанбе муроҷиат кунанд.

Қаблан маълумотномаи доғи судиро танҳо аз воҳидҳои маркази иттилоотии ВКД гирифтан имкон дошт.

Дар Тоҷикистон як шарти қабул ба кор пешниҳоди маълумотнома дар бораи доғи судӣ аст. Дар ин санади навишта мешавад, ки фард ҷинояте кардааст, ё не. Нархи он аз 30 сомонӣ (дар муҳлати 10 рӯзи корӣ додан) то 50 сомонӣ  (дар муҳлати 7 рӯзи корӣ додан) аст.

Барои гирифтани маълумотномаи доғӣ судӣ чунин ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад:

– нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи миллӣ ё хориҷӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи тағйири ному насаб (ҳангоми мавҷуд будан) ва шаҳодатномаи таваллуд (барои ноболиғон);

– маълумотнома дар бораи гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ (изи ангушт) (ба истиснои ноболиғон ва шахсоне, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд);

– пешниҳоди расиди пардохти хидматрасонӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио