Розигии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бозкушоии намояндагии ВКД ва Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия. Дар санад сухан дар бораи чӣ меравад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи созишнома бо Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷиратро тасдиқ кардааст. Фармон ва лоиҳаи созишнома дар портали итттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудаанд. Санад ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дар соҳаи муҳоҷират равона […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи созишнома бо Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷиратро тасдиқ кардааст.

Фармон ва лоиҳаи созишнома дар портали итттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудаанд.

Санад ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дар соҳаи муҳоҷират равона шудааст. Намояндагиҳо бо мақомоти салоҳиятдори кишвари будубош ҳамкорӣ намуда, табодули маълумот мекунанд ва ба шаҳрвандон маслиҳату машварт дода, аз ҳуқуқҳу манфиатҳои онҳо ҳимоя мекунанд.

Мувофиқи санад, ҷониби Тоҷикистон намояндагии ВКД ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар Маскав боз намуда, намояндагии ВКД Русия дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ мегардад.

Намояндагиҳо таҳти сарварии умумии роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои худ дар давлати иқомат фаъолият намуда, як қатор вазифаҳои калидии зеринро ба иҷро мерасонанд:

– таъмини ҳамкории мутақобила байни мақомоти корҳои дохилии кишварҳо дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо;

– иштирок дар мубодилаи иттилоот оид ба масоили қонунгузорӣ дар соҳаи умури дохилӣ ва муҳоҷират;

– ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар масоили муҳоҷирати корӣ, ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин таҳлили қонунгузории муҳоҷирати кишвари будубош;

– кумаки ҳуқуқӣ ва машваратӣ ба шаҳрвандони кишвари худ дар масоиле, ки ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд.

Ғайр аз ин, намояндагиҳо метавонанд дар таҳияи лоиҳаҳои дуҷониба дар самти танзими муҳоҷират ва баланд бардоштани самаранокии муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ иштирок кунанд.

Кормандони намояндагиҳо бо шумули ҳайати техникӣ ва маъмурӣ дар назди вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои будубош ба қайд гирифта мешаванд ва аз имтиёзу дахолатнопазирии дипломатӣ, ки тибқи ҳуқуқи байнулмилалӣ пешбинӣ шудаанд, истифода мебаранд.

Биноҳои корӣ ва истиқоматӣ, молу мулк, инчунин бойгонӣ, ҳуҷҷатҳо ва мукотибаи намояндагиҳо аз имтиёз ва масуниятҳое, ки тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба биноҳо, молу мулк, бойгонӣ, ҳуҷҷатҳо ва мукотибаи намояндагиҳои дипломатӣ ва манзилҳои шахсии кормандони дипломатӣ эътироф шудаанд, истифода менамоянд.

Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста шуда, баъди иҷрои ҳамаи расмиёти дохилии давлат аз ҷониби тарафҳо мавриди амал қарор мегирад. Амали Созишномаи мазкур пас аз гузаштани шаш моҳ аз санаи гирифтани огоҳиномаи хаттии яке аз Тарафҳо тариқи роҳҳои дипломатӣ дар бораи нияти қатъи амали он аз Тарафи дигар қатъ мегардад.

Имзои созишнома аз тарафи Тоҷикистон ба уҳдаи вазири корҳои дохилии кишвар вогузор шудааст. ВКД ҳамроҳ бо ҷониби Русия сана ва макони имзо санадро муайян мекунанд.

Имзои ин санад дар ҳолест, ки тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Ҳамчунин, гузаронидани рейдҳо дар Русия дар як соли охир хеле зиёд шудааст. Мақомоти ин кишвар бо шеваҳои гуногун ба муҳоҷирон фишор меоранд, аз рейдҳо дар кӯча то тафтиши ҷойҳои истиқомат ва корхонаҳо. Ин рейдҳо одатан дар қолаби амалиётҳои “боздоштани муҳоҷирони ғайриқонунӣ” ва дар аксар ҳолат таҳқиромез гузаронида мешаванд.

Бодя гуфт,  ки рӯзи 9-уми октябр баъди мулқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия дар “Қасри миллат”, байни ду кишвар 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки се ҳуҷҷат бевосита ба масъалаи муҳоҷират рабт дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.