ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1937 – Аз силсилаи нерӯгоҳҳо дар дарёи Варзоб нахустини он бо номи НБО “Варзоб-1” ба истифода дода шуд.
Соли 1992 – Аз махзани Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои кишвар 185 ашё аз нуқра, биринҷ ва устухони фил, ки арзиши умумии онҳо 4,6 миллион долларро ташкил медоданд, дуздида шуданд.
Соли 2012 – Тоҷикистон бо кишвари Буркина Фасо, як кишвар дар Африқо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.
Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалиро шаҳрдори пойтахт таъин намуд. Муҳаммадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе, баъди қариб 20 соли раисӣ аз вазифа озод ва бо нишони “Зарринтоҷ” қадрдонӣ гардид.
Соли 2019 – Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин мулоқот – муколамаи раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷии Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Самарқанд иштирок кард.
Соли 2020 – ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи 575 ҳазор доллар нақлиёт барои амалиётҳои кӯҳӣ тақдим кард.
Соли 2021 – Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисорро дар мавриди таҷовуз ба номуси духтари 12-сола, ки охири соли 2020 содир шуда буд, бекор кард. Парванда барои тафтиш ва баррасии ҳамаҷониба ба додситонии Ҳисор баргардонида шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1934 – Зодрӯзи Субҳон Раҳматов, наттоқи радиову телевизиони тоҷик, собиқ сармуҳаррири телевизиони Тоҷикистон.
Субҳон Раҳматов, устоди каломи бадеъ, наттоқи дараҷаи олии радио ва телевизиони тоҷик аст. Ӯ Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии Самарқанд ва факултаи забон ва адабиёти ӯзбекии Донишкадаи педагогии Самарқандро хатм кардааст.
Соли 1956 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) меояд ва умри худро бо ин шаҳр пайваста, тӯли даҳсолаҳо ба ҳайси наттоқи гуфторҳои бурунмарзии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Шӯрои вазирони Тоҷикистон, муҳаррири пешбари барномаҳои радио, сармуҳаррири барномаҳои саноату сохтмон, сармуҳаррири намоишҳои сиёсии телевизион, сармаъмури кулли барномаҳои радиои ҷумҳурӣ ва солҳои 2003-2010 мушовири директори генералии ширкати Радиои “Ватан” кор мекунад.
Субҳон Раҳматов муаллифи рисолаҳои “Таджикскому радио 50 лет”, “Минбари савту калом”, “Хотираи неки ашхоси арҷманд” буда, дар маҷмӯъ қариб 500 ҳикояву новелла, пиесаҳои якпардагию бисёрпардагиро аз забони русӣ ва ӯзбекӣ ба тоҷикӣ гардонидааст.
Ӯ 18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Пиромуни зиндагии ӯ ва хотироти алоқамандонаш аз Субҳон Раҳматов дар маводи Зодрӯзи Субҳон Раҳматов – устоди каломи бадеъ, ки соле пеш бахшида ба 90-солагиаш нашр шуда буд, мутолиа кунед.
Соли 1947 – Мавлуди Бобоҷон Бобохонов, собиқ Додситонии кулли Тоҷикистон.
Бобоҷон Бобохонов, ки қаблан додситонии ноҳияҳои Вахш, Панҷ ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд буд, соли 2000 додситони кулли кишвар таъин шуд ду панҷсола, то соли 2010 дар ин мақом кор кард.
Давраи роҳбарии Бобохонов дар Додситонии кулли Тоҷикистон бо пурсарусадотарин парвандаҳо, аз ҷумла алайҳи Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд, Ёқуб Салимов, вазири умури дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ дар ёдҳо хоҳад монд. Ҳамаи номбаршудагон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.
Баъди таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2007 байни ӯ ва ин ниҳод мухолифат ба миён омада буд. Баъд аз ин писари Ӯ ришваситонӣ боздошту зиндонӣ гардид ва ҳамин тариқ, номи Бобохонов дар робита ба ин чанд бор рооснаӣ шуд. Ӯ соли 2010 ба нафақа баромад ва ҳоло бознишаста буда, бо расонаҳо ҳам ба нурдат суҳбат мекунад.
Соли 1976 – Зодрӯзи Мавлудахон Мирзозода, вакили парлумон дар ду даъват.
Соли 1984 – Зодрӯзи Таронаи Алидӯстӣ, ҳунарпешаи эронӣ.
Тарона Алидӯстӣ зодаи шаҳри Теҳрони Эрон буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар синамо байни тоҷикистониён низ маъруф аст. Махсусан, иҷрои нақши Шаҳрзоди Саодат дар силсилафилми “Шаҳрзод” симои ӯро маъруф кард.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1998 дар Париж Протоколи манъи нусхабарии генетикии инсон ба имзо расид. Аз усулҳои нусхабарории генетикии ҳайвоноти олӣ самараноктаринаш усули "интиқоли ядро" ҳисобида мешавад, ки маҳз ҳамин усул барои клонкунии гӯсфанди “долли” дар Британия истифода шуда буд ва он шаш сол зиндагӣ кард. Ин мӯҳлатро олимон кофӣ мешумориданд, то муваффақ будани таҷриба таъйид шавад ва ба таҳияи усули нусхабардории генетикии инсон оғоз бахшад.
12 январи соли 1950 дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои хиёнат ба ватан, ҷосусӣ ва коршиканӣ ҳукми қатл дубора ҷорӣ карда шуд. Пас аз Инқилоби Октябр дар соли 1917 ҷазои қатл дар кишвар бекор карда шуда буд, вале аллакай 21 феврали соли 1918 дубора ҳукми қатл иҷозат дода шуд. Аз соли 1947 дар Иттиҳоди Шӯравӣ моратория ба ҷазои қатл амал мекард. Аммо 12 январи соли 1950 онро дубора ҷорӣ карданд.
Дар давраи аз соли 1960 то 1988 дар Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 24 ҳазор нафар ҳукми қатл гирифтанд.
Ҳамасола 12 январ Рӯзи байналмилалии марсипан (ширинӣ ё хамираи бодомӣ) таҷлил мегардад. Ин ид аз ИМА сарчашма гирифта, бо мақсади баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи ин ширинии ғайриоддӣ таъсис дода шудааст.
Марсипан шириниест, ки аз бодоми майдакардашуда ва шарбати шакар тайёр мешавад. Ҳамчунин ба он асал ё шарбати ҷуворимакка барои "часпандагӣ", равғани бодом барои беҳтар кардани мазза илова карда мешавад.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию-кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -2+3º, шабона дар водиҳо -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5-10º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, шабона дар водиҳо 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 11-16º то 4-9º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 14-16º сард, дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 50-52º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4º гарм, рӯзона 11+13º гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3º гарм, рӯзона 12+14º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 0-2º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 1+3º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 9-11º сард..
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 12 ба 13-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


