Ҳушдори СБМ ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар Британияи Кабир

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ба сокинони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба ҳамаи эълонҳои кор дар Британия бовар накунанд.  Намояндагии ин ниҳод дар Душанбе рӯзи 9-уми январ дар иттилоияе гуфтааст, шаҳрвандон ба даъвату пешниҳоди кор, ки тариқи паёмрасони “WhatsApp” ё “Telegram” фиристода мешаванд, бовар накунанд. Зеро, ба гуфтаи манбаъ, “корфармоёни воқеӣ ҳеҷ гоҳ барои муошират аз […]

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ба сокинони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба ҳамаи эълонҳои кор дар Британия бовар накунанд. 

Намояндагии ин ниҳод дар Душанбе рӯзи 9-уми январ дар иттилоияе гуфтааст, шаҳрвандон ба даъвату пешниҳоди кор, ки тариқи паёмрасони “WhatsApp” ё “Telegram” фиристода мешаванд, бовар накунанд. Зеро, ба гуфтаи манбаъ, “корфармоёни воқеӣ ҳеҷ гоҳ барои муошират аз паёмрасонҳо истифода намебаранд”.

“Ҳамчунин, ба таблиғҳо дар шабакаҳҳои иҷтимоӣ бовар накунед, аксари ин эълонҳо метавонанд бардурӯғ бошанд. Ҳар иттилоъро ҳатман дубора санҷед. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британияи Кабир ба ҷуз аз “Барномаи коргарони мавсимӣ” дигар имкони кор вуҷуд надорад”, – навиштааст Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон.

Ин ниҳод илова кардааст, ки “агар мехоҳед, барои кори мавсимӣ ба Британия Кабир равед, танҳо дар сомонаҳои расмии ширкатҳо сабтином кунед. Бо ин роҳ шумо метавонед аз қаллобон канорагирӣ ва манфиатҳои худро ҳифз кунед”. 

Рӯйхати корфармоёни дорои иҷозатнома, ки Намояндагии СБМ нашр кардааст:

🔹 Agri-HR – https://www.agri-hr.com/

🔹 Concordia – www.concordia.org.uk

🔹 Fruitfuljobs – www.fruitfuljobs.com

🔹 Hops – www.hopslaboursolutions.com

🔹 Pro Force – www.pro-force.co.uk

Барои маълумоти бештар бо рақамҳои 900 800 800 ба ниҳоди мазкур дар тамос шуда метавонед. 

Бояд гуфт, пас аз эҷоди монеаҳои зиёд барои кор ва муносибати хашини мақомот дар Русия, ки самти аслии муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст, сокинони барои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Британияи Кабир таваҷҷуҳи бештар доранд.

Аммо сафар ба ин кишварҳо, ки ҳақи бештар барои кор пардохт мекунанд, барои ҳама дастрас нест ва танҳо тавассути имтиҳону номнависи пешакӣ фиристода мешаванд. Аз ин лиҳоз, сокинон барои гузаштан аз имтиҳон ва номнавис, ба миёнаравҳо пул медиҳанд ва дар аксар ҳолат, фиреб мехуранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.