Теъдоди кушташудагони таркиши рӯзи 30-юми сентябр дар маркази омӯзишгоҳи Коҷ, дар ғарби Кобул, ба 43 нафар расид ва дар ин ҳодиса 83 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон хабар медиҳад.
Ин ниҳод бо нашри омори мазкур гуфтааст, ки талафоти таркиши рӯзи ҷумъа дар омӯзишгоҳ дар ҳоли афзоиш аст.
То ҳол ҳеҷ як гуруҳе масъулияти таркиши мазкурро ба зимма нагирифтааст, аммо чеҳраҳои саршинос ва сиёсатмадорони собиқи Афғонистон Толибонро муқассири аслии ин ҳодиса медонанд.
Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ ҳамла ба маркази омӯзишгоҳи Коҷро маҳкум карда, ба хонаводаҳои қурбониён таслият арз кардааст.
“Ҳокимияти Толибони ишғолгар ва ҳузури озодонаи гурӯҳҳои терористии дигар дар Афғонистон амнияти физикӣ ва равонии мардуми Афғонистон, минтақа ва ҷаҳонро таҳдид мекунад”,- омадааст дар баёнияи Ҷабҳаи муқовимат, ки онро Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳа нашр кардааст.
Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати миллии Афғонистон, дар сафҳаи фейсбукии худ навиштааст, ки ӯ дасти Толибонро дар рух додани ин ҳодиса дахил медонад.
“Онон ё аз таъмини амният оҷизанд, вале ба ноҳақ исрор доранд, ки мо Иморати исломӣ ҳастем ва амниятро таъмин кардаем ва ё бо омилони фоҷеа ҳамкоранд, ки дар ҳарду сурат муҷрим дониста мешаванд”,- таъкид кардааст Муҳаммад Муҳаққиқ.
Ӯ афзудаст, ки дар ин таркиш ҳудуди панҷоҳ донишҷӯдухтари ҳазора кушта шудааст.
Алиф Шафақ, нависандаи романи машҳури “Миллати ишқ”, ҳазораҳои Афғонистонро “ақалияти таҳти таъқиб” хонда, ба корзори “наслкушиҳои ҳазораҳоро мутаваққиф кунед” пайваст.
Ёдовар мешавем, ки Толибон ба духтарони аз синфи 6 боло иҷозаи таҳсил намедиҳанд ва ин нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар пай доштааст. Яке аз шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ин иҷозаи духтарон ба таҳсил аст, ки тайи беш аз як соли ғасби ҳукумат ҳоло ҳам ин мушкил роҳҳалли худро наёфтааст.