Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ ба барномаи сафари расмии худ ба Тоҷикистон тағйирот ворид сохта, чанде қабл озими ватан гардид.
Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми рӯзи гузашта пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон сарвари давлати Яман ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти нерӯгоҳи Норак аз наздик ошно гардид. «Шоми дирӯз Алӣ Абдулло Солеҳ аз Душанбе озими ватан шуд», – гуфт ӯ. Дар Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ сабабҳои пеш аз мӯҳлат анҷом ёфтани сафари расмии президенти Яманро шарҳ надоданд.
Ёдовар мешавем, ки президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ шоми 26-уми феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва тибқи барномаи сафар, мебоист то шоми 28-уми феврал дар Тоҷикистон ҳузур дошта, имрӯз бо раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахуствазири ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид мекард.