Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри муборизаи пурсамар бо ҳашароти зараррасон ба КВД «Мубориза бар зидди малах» 5 млн. сомонӣ ҷудо намуд.
Тавре аз Вазорати кишоварзӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли равон ҳамчунин корхона бо 17 трактори МТЗ-82, 2 автомашинаи УАЗ ва 6 дастгоҳи дорузанӣ барои мубориза бо ҳашароти зараррасон низ таъмин карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта барои мубориза бо малах 625 нафар афсарону хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҷалб гардида буданд ва чанде қабл вазорат онҳоро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва диплом қадрдонӣ кард.
Ёдрас мекунем, ки КВД «Мубориза бар зидди малах» соли 2008 таъсис ёфта, баҳри таъсиси он ҳукумати кишвар 4,5 млн. сомонӣ ихтисос дода буд.



