Хуҷанд. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба гӯштии самбо дар шаҳри Хуҷанд дастаи Тоҷикистон пирӯз гардид.
Мусобиқа барои аввалин бор дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, дар он 140 варзишгар аз панҷ кишвари минтақа ширкат варзид. Қувваозмоиҳо аз рӯи 9 вазн дар ду тарз – гӯштии самбои врзишӣ ва низомӣ доир гардиданд.
Дар мусобиқот миёни мардон дастаи Тоҷикистон 6 медали тилло ва ду нуқра ба даст оварда, соҳиби мақоми аввал шуд. Ҷойҳои дуввуми саввум насиби самбочиёни Ӯзбекистону Қазоқистон гардид.
Дастаи Ӯзбекистон дар мусобиқот миёни занон мақоми аввалро ишғол кард. Дастаи занонаи Қазоқистон зинаи дуввум ва Тоҷикистон мақоми саввумро соҳиб шуданд.
Дар мусобиқоти гӯштии самбои низомӣ дастаи Ӯзбекистон
ғолиб дониста шуда, зинаҳои дуввуму саввумро гӯштигирони Қирғизистону Туркманистон ишғол карданд. Тоҷикистон дар ин навъи мусобиқот мақоми чаҳорумро соҳиб гашт.