Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов –ва ҳамтои қирғизи ӯ – Адахан Мадумаров дар Хуҷанд, ки дирӯз доир гардид, миёни ҷонибҳо протокол ба имзо расид.
Тибқи асноди баимзорасида, Тоҷикистон ба Қирғизистон ҷиҳати сохтмони роҳи мошингарди Уш – Ботканд тавассути қаламрави ноҳияи Исфара иҷозат дод.
Зикр гардид, ки бунёди ин қитъа масофаи роҳи миёни вилояти Ошу Ботканди Қирғизистонро хеле кӯтоҳ месозад. Дар мулоқот инчунин оид ба роҳандозии иқдомоти муштараки марзбонони кишварҳо ҷиҳати ҳалли низоъҳо дар сарҳад тавофуқ ҳосил гардид. Имрӯз ҳайати ҳарду ҷониб аз қитъаҳои марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфараву Ботканд боздид хоҳад кард.



