Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Маркази солимии равонӣ ва бемории ВИЧ/СПИД» бо иштироки пешвоёни дини пойтахт ва шаҳри Кӯлоб ҳамоиш баргузор мешавад.
Тавре аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур бо дастгирии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам» доир гардида, аз ҷониби Созмони байнулмилалии
Central
Asia
дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Ислом тамғагузорӣ ва табъизи шахсони гирифтор ба бемории ВИЧ/СПИД-ро маҳкум месозад» маблағгузорӣ мешавад. «Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш – мусоидат ба пешгирии ин падидаи номатлуб мебошад», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои срчашма, пешвоёни дин тавассути зоҳир сохтани ташаббус ва истифода аз нуфузи худ миёни ҷомеа қодиранд дар роҳи пешгирии ин беморӣ ва дигар падидаҳои номақбул, аз қабили нашъамандӣ низ саҳм бигиранд. Қобили зикр аст, ки барои огаҳиии бештар бо намояндагони дин оид ба ин мавзӯъ беш аз 30 тренинг гузаронида шуда, сипас онҳо мустақилона дар ин хусус бо аҳли ҷомеа сӯҳбатҳо барпо сохтанд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмӣ, ба санаи 1-уми январи соли 2009 дар Тоҷикистон 1422 нафар бемори мубтало ба ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудааст.



