Дар семоҳаи аввал тавассути баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди кишвар бо ҷойи корӣ таъмин гардид

            Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ беш аз 170 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуда, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди кишвар бо ҷойи корӣ таъмин гардид.             Чӣ тавре ки аз Вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин ярмаркаҳо […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ беш аз 170 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуда, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди кишвар бо ҷойи корӣ таъмин гардид.





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин ярмаркаҳо 2 ҳазору 681 муассисаву корхонаҳо ба шаҳрвандони бекор беш аз 65 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод сохтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумори корхонаву муассисаҳои дар он иштироккарда 10 маротиба бештар шудааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи муосидат ба шуғли аҳолӣ, солҳои 2008-2009 муҳайё сохтани 95,4 ҳазор ҷойи кории холӣ пешбинӣ гардида буд, вале бо назардошти бӯҳрони молӣ, ин рақам то 95,4 ҳазор расонида шудааст.




           

Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ, ба санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 45 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудааанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.