Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар чаҳорчӯбаи сафари дурӯза ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят мулоқот кард.
Дар суханронии худ сарвари давлат ба масъалаи рафъи оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ ва иҷрои супоришҳои дар паёми ҳамасолаи худ баёнгардида таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохт.
Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар натиҷаи дуруст истифода нагардидани имконияту захираҳои мавҷуда дар давоми панҷ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ дар вилоят нақшаи 10 намуди андоз иҷро нашудааст ва ба ҳамин сабаб ба буҷет 7 миллион сомонӣ ворид нагардидааст. Иҷрои буҷети маҳаллӣ дар 12 ноҳия таъмин нагардида, дар ин муддат бо мақсади дастгирии буҷети вилоят аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 42 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд, вале дар баробари ин, бақияпулиҳо аз андоз ба ҷои кам шудан, баръакс сол ба сол афзуда истодаанд. «Бо дарназардошти чунин вазъ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин сохторҳои маҳаллии мақомоти андоз ва гумрук зарур аст, ки доир ба иҷрои буҷет ва кам кардани ҳаҷми бақияпулиҳо чораҳои қатъӣ андешанд», – гуфт ӯ.
Пас аз анҷоми мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон президенти Тоҷиистон Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти ҷумҳурӣ баргашт.