Имрӯз Президенти Тоҷикистон бо кадрҳои тозатаъини мақомоти милиса мулоқот орост

   Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони воломақоми милисаро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарии шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба манфиати давлату […]

root



  

Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони воломақоми милисаро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарии шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.





 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуда, дар наздашон оид ба таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва кочоқи маводи мухаддир вазифаҳои мушаххас гузошт.




          

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҳамчунин дастур дод, ки талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумат ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро, ки аз паёмҳои ҳарсолаи ӯ ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳои дигар бармеоянд, дастури амали худ намуда, пайваста баҳри баланд бардоштани донишу маҳорати касбии худ ва тарбияи кадрҳои ҷавон кӯшиш ба харҷ диҳанд.




      

Таъкид гардид, ки ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди халқу Ватан бояд ҳамеша раҳбару раҳнамои онҳо дар иҷрои вазифаҳояшон бошад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.