Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2026

Asia-Plus

ЧОРАБИНИИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Иттифоқи нависандагон (толори хурд) ба муносибати бузургдошти Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик маҳфили ёдбуд доир мешавад. Чорабинӣ соати 14:00 оғоз шуда, вуруд озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2003 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистонро баррасӣ кард.

Соли 2012 – Дар Душанбе муҳокимаи парвандаи марги Баҳромиддин Шодиев, ки 4 ноябри соли 2011 дар бинои Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур фавтида буд, оғоз ёфт.

Соли 2018 – Дар асоси пешниҳоди ҳукумати кишвар номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз гардид.

Соли 2019 – Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифини Тоҷикистон ҳангоми сафараш ба Маскав аз ҷониби мақомоти амниятии Русия боздошт ва маҷбуран ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Пас аз ду ҳафта, бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои ғарбӣ, ӯ ба Нидерландия, ки дар он ҷо паноҳандаи сиёсӣ буд, бозгашт. Ин ҳодиса баҳсҳои зиёдеро дар бораи муносибати ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон бо мухолифини сиёсӣ ба миён овард.

Соли 2020 – Виталий Левченко сармураббии дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ӯ баъди 2 сол аз сармуррабигӣ рафт ва дубора моҳи феврали соли равон сармурабии "Истиқлол" таъин шуд.

Соли 2022 – Ҳукумати шаҳри Душанбе эълом дошт, ки нақшаи генералии шаҳр махфӣ нигоҳ дошта мешавад, "то ба дасти террористон ва экстремистон наафтад".

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1903 – Мавлуди Содиқ Ҳидоят, нависандаи шинохтаи эронӣ.

Содиқ Ҳидоят нависанда, мутарҷим ва мутафаккири эронӣ ва аз муҳимтарин адибони адабиёти муосири форсӣ маҳсуб меёбад. Ӯ бо асарҳои рамзӣ ва фалсафии худ, махсусан бо романи “Буфи кӯр” шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Асарҳои Ҳидоят бештар мавзӯъҳои танҳоӣ, ноумедӣ ва бемағзии зиндагиро инъикос мекунанд. Содиқ Ҳидоят зиндагии пуртазоди шахсӣ дошт ва дар ниҳоят дар Париж худкушӣ кард.

Асарҳои Содиқ Ҳидоят дар Тоҷикистон ҳам хонанда ва ҳаводори зиёд дорад.

Соли 1940 – Мавлуди Ҳадиса Қурбонова, Шоири халқии Тоҷикистон.

Ҳадиса Қурбонова, шоир ва нависандаи тоҷик солҳо дар нашриёти “Ирфон”, дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ва нашриёти “Адиб” фаъолияти дошт. Ӯ аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, маҷмуаҳои “Паймон”, “Лоиқ намеояд дигар”-ро ба табъ расонидааст. Соли 2003 барои китоби “Лоиқ намеояд дигар” ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф шудааст.

Ӯ як қатор очерк ва драма низ эҷод кардааст. Аз ҷумла, “Машъали ҷовид”, “Дуроҳа”, “Зиндагӣ” ва “Савти нотамом” аз ин қабиланд.

Соли 1955 – Зодрӯзи Тағойназари Бақо, шоири тоҷик.

Соли 1959 – Мавлуди Фатҳулло Абдуллоев, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик.

Фатҳулло Абдуллоев, ҳаҷвнигори тоҷик, ки бо тахаллуси Коно маъруф буд, бештар аз як моҳ пеш дар 67-солагӣ даргузашт.

Ӯ нахуст, аз соли 1980 то соли 1994 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон фаъолият карда, баъдан ба вилояти Суғд рафт ва дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Камоли Хуҷандӣ кор кардааст. Сипас, бо ҳамроҳии дӯсташ Каримҷон Ғафуров театрстудияи “Коно ва Доно”-ро дар вилоят таъсис дод. Баъди таъсиси театр-студияи “Хандинкамон” ба ин театри ҳаҷвӣ мепайвандад. Ҳамзамон, мудири бахши фарҳанги шаҳри Гулистон таъйин шуда, чандин солҳо дар ин вазифа кор кардааст.

Ӯ дар чандин филмҳо аз ҷумла “Хобҳои апрелӣ”, “Ишқи ман-инқилоб”, “Биҳишт фақат барои мурдагон”, “Дарди ишқ” ва телеспектакли “Мактаби куҳна” нақш офаридааст.

Фатҳулло Абдуллоев, ба гуфтаи пайвандонаш,  рӯзи 7-уми декабри соли 2025 ба сафари ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ рафт ва дар аснои адои он дар Мадина бемор шуда, қариб 20 рӯз дар беморхонаи ин шаҳр бистарӣ буд.

Соли 1964 – Мавлуди Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Муҳриддин соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоҳи иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти кориашро соли 1986 ба сифати муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи ҳавосанҷии ҷумҳурӣ оғоз намуда, то соли 1996 дар вазифаҳои гуногуни ин соҳа фаъолият бурдааст.

Аз соли 1996 то соли 2004 намояндаи  Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал, дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал буд.

Солҳои 2004-2005 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2011 намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва аз соли 2011 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба буд.

Ӯ моҳи ноябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин гардид ва то ҳол дар ин мансаб ифои вазифа мекунад.

Соли 2012 – Нуъмонҷон Тоштемиров, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 79-солагӣ даргузашт.

Нуъмонҷон Тоштемиров, овозхони тоҷик солҳо барои рушди санъати тоҷик заҳмат кашидааст. Ӯ аввал қариб даҳ сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон сарояндагӣ кард ва соли 1960 роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъати Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба маълумоти касбҳои техникӣ таъин гардид. Баъдан ба дастаи мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ омада, солҳо он ҷо фаъолият дошт.

Ӯ дар тарғибу ташвиқи мероси суннатии мусиқии тоҷик – “Шашмақом” заҳмат кашид ва сурудаҳояш дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик маҳфузанд.

Овозхон шохаҳои муҳими овозии мақомҳоро бо сабки хоси иҷро, аз ҷумла “Орази Наво”, “Савти Наво”, “Дугоҳ”, “Тулқун”, “Қӯшчинор”, “Савти Мискин”, “Сегоҳи ду”, “Савти Муноҷот” сабт кардааст.

Соли 2022 – Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик дар синни 56-солагӣ аз олам чашм баст.

Аловуддин Абдуллоев бо барномаи “Шӯхиҳои Аловуддин”, ки тӯли 10 соли ахир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мешуд, миёни ҷомеаи Тоҷикистон маъруф буд. Ӯ сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи "Central Asia Got Talant" буд.

Ӯ фаъолиятро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа оғоз карда, дар ин ҷо ба унвони ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карду чанд соле ҳам раҳбарии ин театрро ба дӯш дошт.

Аловуддин Абдуллоев дар намоишҳои театрии  “Моҷарои имтиҳон”, “Антигона”, “Табиби зӯракӣ”, “Ҳиллаҳои Аҷузкампир”, “Аршин мол-олон”, “Лаку Пак”, “Давлати Сомониён” нақши марказиро бозидааст. Ба ҷуз ин дар филмҳое чун  “Братан”, “Падари моҳтобӣ”, “Туҳмат”, “Чоҳ”, “Қиёми рӯз”, “Интихоби ман”, филмҳои телевизионии “Дар орзуи падар”, силсилафилми “Хуррамдиёр” нақшҳои мондагор офаридааст.

Соли дар вилояти Хатлон ҷоизаҳои раиси вилоят дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллоев таъсис дода шуд, ҳамзамон Қасри фарҳанги Бохтар ба номи ин ҳунарпеша гузошта шуд.

Ёди ҳамкасбонашро дар бораи ин ҳунарпешаи мумтози театру синамо ва ҳаҷвнигори барҷаста дар ин матлаби мо мутолиа кунед: "Рӯзе бармегардам”. Ёде аз Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи саршиноси тоҷик

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

17 феврали соли 1852 Осорхонаи Эрмитаж барои боздиди мардум расман боз гардид. Он соли 1764 ҳамчун маҷмӯаи хусусии малика Екатеринаи II таъсис ёфта буд. Ӯ дар Берлин аз тоҷири олмонӣ И. Готсковский маҷмӯаи 225 асари рассомони ҳолландӣ ва фламандиро харидорӣ карда буд. Дар аввал аксари ин расмҳо дар ҳуҷраҳои хоси қаср нигоҳ дошта мешуданд ва калимаи фаронсавии “Эрмитаж” низ маънои хилватро дорад.

Имрӯз Эрмитаж яке аз бузургтарин осорхонаҳои ҷаҳон буда, аз шаш бинои боҳашамат иборат аст, ки дар соҳили дарёи Нева, дар маркази Санкт-Петербург ҷойгир аст.

17 феврали соли 1600 дар Рим файласуфи итолиёвӣ Ҷордано Бруно бо иттиҳоми бидъат зинда сӯзонида шуд.

Ҷордано Бруно боварӣ дошт, кайҳон беохир аст, ситораҳо монанди Офтобанд ва зиндагӣ дар дигар сайёраҳо имконпазир аст. Ақидаҳои ӯ зидди таълимоти калисои католикӣ буданд, бинобар ин, Инквизитсия ӯро ба бидъат айбдор карда, зинда сӯзонд. Бо вуҷуди қатли ӯ, идеяҳояш дар бораи коинот ба пешрафти илм таъсири бузург расониданд.

Аз соли 2003 инҷониб 17 феврал ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии рӯҳи инсон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ба ҳама пешниҳод мешавад, ки соати 15:00 ду дақиқа хомӯш бошанд ва ба таври комил рӯҳи озодӣ ва сулҳро эҳсос намоянд. Ибтикоркунандаи ин чорабинии нодир Майкл Левӣ, муаллифи фалсафаи ҳаёт ва маърифат мебошад.

Ҳадафи ин рӯз он аст, ки одамон дар як лаҳзаи хомӯшӣ бо ҳам пайвастанд, зеро ин як анҷомдиҳии пурқуввати оромиш ва ҳамоҳангӣ мебошад. Ҳар қадар одамони зиёдтар дар ин мулоҳизаи хомӯшона ширкат варзанд, ҳамон қадар ҷаҳон пур аз сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мегардад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 3-5º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 17 ба 18-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...