Натиҷагирӣ аз марҳалаи дуввуми лоиҳаи тақвияти ҳамкории котибони матбуотӣ бо рӯзноманигорон

Имрӯз, 26-уми феврал марҳалаи дуввуми лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО”, ки аз сӯйи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон амалӣ шуд, ҷамъбаст гардид.

Чорабинӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати Радослав Дарски, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Суҳроб Нуралӣ, сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон, Умед Бобохонов, директори кулли Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, роҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ, котибони матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ ва рӯзноманигорону коршиносон баргузор гардид.

Умед Бобохонов зимни суханронии ифтитоҳӣ, аз аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ миёни марказҳои матбуотиву расонаҳо ва зарурати расонидани маълумоти сареъ ва боэътимод ба ҷомеа ёдовар шуд.

Ӯ таъкид кард, ки чунин ҳамкории муассир барои густариши иттилоърасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум нақши муассир дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Умед Бобохонов (аз чап)

“Ҳадафи асосии Лоиҳа ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни котибони матбуотӣ ва расонаҳо ҷиҳати инъикоси шоистаи кори ниҳодҳои давлатӣ ба ҷомеа ва ба ин васила, таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ ва боэътимод мебошад”,- гуфт директори кулли “Азия-Плюс”.

Радослав Дарски ба масъалаи ҳамкории котибони матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон бо рӯзноманигорон ва расонаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, зикр намуд, ки “чунин ҳамкориҳо эътимоди мутақобиларо тақвият медиҳанд ва ба пешрафту рушди Тоҷикистон мусоидат мекунад”.

“Муҳим аст, ки котибони матбуот дар самти воситаҳои муосири муошират, саводнокии ВАО ва идоракунии бӯҳронҳо, ки ин масъалаҳо дар кори ҳаррӯзаи онҳо хеле муҳиманд, омӯзиш гирифтанд”, – гуфт ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Радослав Дарски

Суҳроб Нуралӣ зикр кард, ки лоиҳаи мазкур ба котибони марказҳои матбуотӣ имкон фароҳам овард, то малакаҳои худро такмил дода, “заминаи мустаҳкам барои рушди минбаъдаи имкониятҳо дар самти такмили ихтисос, пешрафти нерӯи инсонӣ ва мубодилаи таҷрибаҳои муфид хоҳад гашт”.

Ба гуфтаи ӯ, чунин лоиҳаҳо дар чанд соли охир “ба майдони табодули таҷриба, муҳокимаи масъалаҳои мубрам ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд табдил ёфт”.

Сипас, Ҷасур Абдуллоев, роҳбари бахши тоҷикии “Азия-Плюс” натиҷаҳои татбиқи лоиҳаро муаррифӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳадафи асосии Лоиҳа ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни котибони матбуотӣ ва расонаҳо ҷиҳати инъикоси шоистаи кори ниҳодҳои давлатӣ ба ҷомеа ва ба ин васила, таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ ва боэътимод мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷасур Абдуллоев

Ба иттилои номбурда, марҳилаи дуюми лоиҳаи ду самти асосӣ дошт. Якум, давом додани машғулияту чорабиниҳо бо котибони матбуотии вазорату идораҳо, ки дар ин самт, зимни машғулияти серӯзаи беруназшаҳрӣ ва се машғулияти дигар дар дафтари “Азия-Плюс” аҳамият ва зарурати ҳамкории котибони матбуотӣ бо расонаҳо, истифода дуруст ва манфиатнок аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамоюлҳои нав, аз ҷумла ҳушвора (ҳуши маснӯӣ) баррасӣ шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Оғози марҳилаи дуввуми лоиҳаи тақвияти ҳамкории котибони матбуотӣ бо рӯзноманигорон

Ҳамчунин, зимни 5 сафари матбуотӣ ба ниҳодҳои давлатӣ котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон аз фаъолияти бахши матбуоти он ниҳод ва таҷрибаи ҳамкории самараноки он бо расонаҳо огоҳ шуданд.

Барои боз ҳам наздик кардани котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон 5 мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор шуд, ки зимни он масоили мубрами ҳамкорӣ ва дурнамои он дар фазои озоду дӯстона баррасӣ гардид.

Самти дуввум, омӯзиши котибони матбуотии ниҳодҳои давлатӣ дар минтақаҳо буд. Дар 5 машғулияти омӯзишие, ки барои котибони матбуотӣ дар минтақаҳои кишвар баргузор шуд, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ миёни маркази матбуотии ниҳоди давлатӣ дар минтақа бо расонаҳо, аз ҷумла расонаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, истифода аз тамоюлҳои нав дар рӯзноманигорӣ ва кор дар шароити буҳронӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Шаҳло Акобирова, роҳбари созмони ҷамъиятии “Хома” аз нақши муҳими марказҳои матбуотӣ дар идоракунии ҷараёни иттилоотӣ суханронӣ кард. Ӯ аз афзоиши зиёди маводи бардурӯғ, нодуруст истифода бурдани зеҳни сунъӣ нигаронӣ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шаҳло Акобирова

Ӯ таъкид кард, ки марказҳои матбуотӣ танҳо сохтори техникӣ ё воҳиди исттилоърасонӣ нестанд. Онҳо пули эътимод миёни давлат ва ҷомеа мебошанд.

“Аз касбият ва шаффофияти фаъолияти марказҳои матбуотӣ сатҳи эътимоди шаҳрвандон ва сиёсати давлатӣ вобаста аст. Агар иттилоъ саривақтӣ дақиқ, ва дастрас бошад, фазои ҷамъият амн мебошад. Рисолати марказҳои матбуотӣ ин – таъмини дастрасии  баробар ба иттилооти расмӣ, вокунуши фаврӣ ба саволҳои ҷомеа, раоснаҳо ва пешгирӣ аз маълумоти носаҳеҳ мебошад”, – гуфт ӯ.

Дар идома, байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик” пешниҳод кард, ки дар кишвар Анҷумани котибони матбуотии Тоҷикистон таъсис дода шавад ва дар доираи он фаъолияти ҳамаи сухангӯйҳо тақвият дода шавад.

Ҳамчунин, Қосим Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик аз набудани воҳиди корӣ дар бархе аз вазорату идораҳои кишвар ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ нигаронӣ кард ва гуфт, ки дар замони фановариҳои навин ва бархурди тамаддунҳову ҷангҳои иттилоотӣ надоштани воҳиди кории сухангӯ ташвишовар аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қосим Бекмуҳаммад

Номбурда ҳамчунин, пешҳниҳод кард, ки марҳалаи сеюми ин лоиҳа амалӣ карда шуда, дар раванди машғулият ва чорабиниҳои он, рӯзноманигорон бештар ҷалб карда шаванд, то эътимод байни котибони матбуотиву журналистон боз ҳам мустаҳкамтар гардад ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳа аз ҳарду зовия баҳсу баррасӣ шавад.

Аксари ширкаткунандаҳо пешниҳод карданд, ки ин Лоиҳа идома дода шавад.

Дар охири чорабинӣ, ба котибони матбуотие, ки дар раванди татбиқи  марҳалаи дуввуми Лоиҳа фаъол буданд, гувоҳиномаҳо тақдим гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО”-ро “Азия-Плюс” бо дасгирии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон беш аз 7 моҳ  идома  ёфта, дар доираи он қариб 30 котиби матбуотӣ ба машғулиятҳои омӯзишӣ  ҷалб гардиданд. Ҳамчунин, беш аз 20 рӯзноманигорро ба мизҳои мудавваре, ки бо иштироки коршиносону котибони матбуотӣ баргузор шуданд, ширкат карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

spot_imgspot_img

Популярное