Дар моҳи Рамазон баъзе кӯдакон низ рӯза медоранд. Ҳарчанд тибқи таълимоти Ислом, кӯдакон аз рӯзадорӣ озоданд ва табибон ҳам барои кӯдакон рӯза доштанро тавсия намедиҳанд, аммо баъзе талош мекунанд, ба рӯза доранд. Дар робита ба ин, мо аз мутахассиси бахши дин, табиб ва равоншинос пурсидем, ки рӯза доштани кӯдакон то куҷо иҷоза аст ва ба саломативу рӯҳи онҳо чӣ таъсир дорад.
Баъди ба балоғат расидан, рӯза ҳатмӣ мешавад
Посух аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон:
– Кай рӯза доштан барои одамон воҷиб мешавад?
– Рӯза вақте воҷиб мешавад, ки кӯдак ба балоғат расида бошад. Болиғ шудан ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон нишонаҳои хоси худро дорад. Агар нишонаҳо зоҳир нашавад, пас 15-соларо болиғшуда мегӯянд.
– Мушаххас аз кадом синну сол рӯза бояд дошт?
– Духтарон дар 9-солагӣ ва писарон дар 12-солагӣ ба балоғат мерасанд ва бояд рӯза доранд.
– Оё барои кӯдакон шакли “озмоишии” рӯзадорӣ вуҷуд дорад? Масалан, то нисфи рӯз ё чанд рӯз дар як ҳафта?
– Оре, уламо гуфтанд, ки барои одоб омӯхтан аз 10-солагӣ кам-кам рӯза гиранд.
– Чӣ тавр ба кӯдак фаҳмонем, ки шикастани рӯза бинобар сабаби вазъи саломатӣ гуноҳ нест?
– Ба ӯ мефаҳмонем, ки рӯза ба инсони болиғу солим фарз аст, ҳоло, ки ту болиғ нестӣ, ба ту фарз нест. Инсони болиғ ҳам бо сабаби беморӣ метавонад рӯзаашро бихӯрад ва замоне, ки сиҳат шуд, дубора рӯза мегирад.
– Оё кӯдак вазифадор аст, ки рӯзҳои қазошударо (рӯзҳое, ки рӯза нагирифтааст) дертар “пур кунад” (қазои онро бидорад)?
– Агар кӯдак болиғ набошад, қазо намедорад. Аммо, агар ба балоғат расида бошад, қазо медорад.
– Оё дар синни наврасӣ байни рӯза гирифтани писарон ва духтарон фарқе ҳаст?
– Синни балоғат муҳим аст. Яъне духтарон пештар ва писарон дертар ба балоғат мерасанд. Баъди ба балоғат расидан, байни онҳо дар рӯза доштан, фарқе нест.
“Рӯзадории кӯдакон назорати қатъиро талаб мекунад”
Зокирҷон Шарифов, табиби гастроэнтеролог, сармутахассиси Раёсати тандурустии Душанбе оид ба гастроэнетерологияи кӯдакон:
– Кадом аломатҳо бозгӯи онанд, ки кӯдак набояд рӯза гирад?
– Дар кӯдакон захираҳои гликоген дар ҷигар аз калонсолон дида камтар аст, бинобар ин, хавфи гипогликемия — камшавии сатҳи қанд дар хун, дар онҳо баландтар аст. Ин метавонад ба ларзиш, арақкунӣ ва чархзании сар боис шавад.
Ғайр аз ин, ҳангоми гуруснагии дарозмуҳлат дар кӯдакон липолиз (ҷараёни ҷудошавии чарбҳо) тезтар оғоз мешавад, ки метавонад ба кетоз оварда расонад. Ин ҳолат метавонад ба дилбеҳузурӣ (қайкунӣ) ва атсетономия (таркиби атсетон дар хун ва пешоб) боис шавад.
Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки дар кӯдакон метаболизми асосӣ баландтар ва масоҳати сатҳи бадан калонтар аст, ки ба бештар гум шудани об боис мешавад. Ин метавонад ба бе об мондани бадан оварда расонад, бахусус агар кӯдак ба таври об нанӯшад.
Ва дар ниҳояти кор, ба аломатҳои клиникӣ, аз ҷумла аз даст додани вазн ба миқдори 5% дар як ҳафта, пешобронии хеле кам таваҷҷуҳ кардан лозим аст. Ин аломатҳо метавонанд ба он ишора кунанд, ки рӯзадорӣ барои кӯдак ҳоло муносиб нест.
– Оё кӯдакони дорои бемориҳои музмин ё камхунӣ метавонанд рӯза доранд?
– Дар мавриди камхунӣ (анемия), бахусус камбуди оҳан, интиқоли оксиген ба бофтаҳо кам шуда, гуруснагӣ катаболизмро тақвият медиҳад, ки ин боиси тахикардия ва заифӣ мешавад.
Дар кӯдакон бо бемориҳои ҷигар (гепатитҳо, стеатоз) рӯза сарбориро ба мубодилаи моддаҳо зиёд мекунад, ки метавонад ҳолати ҷигарро бадтар кунад.
Дар бемориҳои музмини захми меъдаву рӯдаҳо танаффуси тӯлонӣ дар истеъмоли ғизо ва болоравии сатҳи кислота метавонад ба ташдид оварда расонад,. Рӯзадорӣ дар чунин ҳолатҳо бояд зери назорати духтур гузарад.
– Дуруст аст, ки рӯзадорӣ ба заминаи гормонии наврасон таъсир мерасонад?
– Дар давраи пубертат тири гипоталамус-гипофиз-гонада, ки истеҳсоли гормонҳои ҷинсиро танзим мекунад, фаъол аст. Барои кори муътадили ин низом аминокислотҳо, руҳ ва витамини D зарур аст. Камбуди дарозмуддати сафеда ва энергия метавонад тарашшуҳ (секретсия)-и IGF-1 ва гормонҳои ҷинсиро суст кунад, ки ин афзоиши қаду баст ва рушдро бозмедорад.
Рӯзаи кӯтоҳмуддат дар ҳолати ғизои комил дар саҳархӯрӣ ва ифтор, одатан ба мувозанати гормонӣ таъсир намерасонад, аммо баландшавии қад ва вазни бадан бояд зери назорат бошад.
– Реҷа бояд чӣ гуна шавад, агар кӯдак ба фаъолиятҳои варзишӣ машғул бошад?
– Агар кӯдак ба варзиш машғул бошад, танзими реҷаи истеъмоли ғизо ва машқу тамринҳо муҳим аст. Вақте ки кӯдак машқ мекунад, истеъмоли гликоген дар муқоиса бо калонсолон зиёдтар аст, бинобар ин, бояд эҳтиёҷоти бадани ӯ ба энергия ба назар гирифта шаванд.
Тамринҳоро ба бегоҳӣ (шом) пас аз пур шудани нерӯ (энергия) гузаронидан беҳтар аст. Дар саҳархӯрӣ бояд карбогидратҳо (масалан, ярмаи ҷав ё нонҳои гандумӣ), сафеда (тухм ё қаймоқ) ва каме равғанҳо (чормағзҳо) истеъмол шаванд.
Пас аз ифтор бо истеъмоли шӯрбо, сабзавоту маҳсулоти турши ширӣ барқарор намудани моеъ ва электролитҳо муҳим аст Ин ба нигоҳ доштани мувозинат ва пешгирии беобшавии бадан ёрӣ мерасонад.
– Оё дар давраи рӯзадорӣ кӯдак нисбат ба калонсолон бештар ба об ниёз дорад?
– Бале, нисбат ба калонсолон кӯдак бештар ба об ниёз дорад. Дар кӯдакон талабот ба моеъ тақрибан 50–60 мл барои ҳар килограмм вазн дар як рӯз аст, дар ҳоле ки барои калонсолон ин рақам ба таври миёна 30 мл барои ҳар килограмм мерасад.
Аз ин рӯ, ба кӯдак пешниҳоди об бо миқдори кам байни ифтор ва саҳархӯрӣ муҳим аст, то ки аз беобшавии бадан пешгирӣ шавад. Нӯшокиҳои газдор ва ширин тавсия дода намешаванд, зеро онҳо сарбории таровиш (осмотикӣ)-ро ба организм зиёд карда, метавонанд эҳсоси ташнагиро тақвият диҳанд.
– Чӣ чизҳоро дар саҳархӯрӣ набояд ба кӯдак дод, ҳатто агар ӯ талаб кунад?
– Кӯшиш кунед, ки дар саҳархӯрӣ ба кӯдак маҳсулоти намакдор надиҳед, зеро онҳо дар тӯли рӯз ташнагӣ ба вуҷуд меоранд (масалан, чормағзи намакдор, ҳасиб, панир). Маҳсулоти хеле ширин низ метавонанд боиси афзоиши шиддати қанд дар хун шаванд, ки ба хастагии зуд оварда мерасонад. Ҳамчунин, маҳсулоти равғанӣ ва бирёншударо надиҳед, зеро онҳо барои ҳазми хӯрок сахт буда, метавонанд эҳсоси вазнинӣ ва нороҳатиро ба вуҷуд оранд (масалан, картошкаи бирён, хӯроки зудтайёр ё худ фастфуд).
Беҳтараш маҳсулоти сабук, монанди ярмаи ҷав (овсянка), тухм, меваҳо, йогурт ва обро интихоб кунед.
– Дар сурати хасташавии наврас нигаронӣ дуруст аст?
– Дар рӯзҳои аввали мутобиқат ба рӯзадорӣ ин метавонад як ҳолати муқаррарӣ бошад, ки ба хастагии сабук ва кам шудани фаъолият боис мегардад. Бо вуҷуди ин, агар беҳавсалагии зиёд, асабоният ва камшавии таваҷҷуҳ ба назар расад, ин метавонад нишонаҳои гипогликемия ё камхунӣ (анемия) бошад.
Рӯзадорӣ аз кӯдакон назорати қатъии метаболикӣ, аз ҷумла гликемия, гидрататсия, афзоиш ва ҳолати рӯҳу эҳсосро талаб мекунад. Дар сурати хатар ба солимии кӯдак, ӯ бояд аз рӯзадорӣ озод карда шавад, ки ин ҳам ба қоидаҳои тиббӣ ва ҳам ба шариати исломӣ мувофиқ аст.
Рӯза барои кӯдак танҳо дар ҳолати солимии комил ва бо дастгирии дуруст аз ҷониби оила ва духтур мумкин аст. Дар ҳолати хатар ба саломатии кӯдак, саломатӣ ҳамеша дар муқоиса рӯзадорӣ аввалият дорад.
"Кӯдак бояд дастгириро эҳсос кунад"
Нигина Мамадҷонова, равоншинос:
– Аз кадом синну сол кӯдак воқеан барои рӯзадорӣ омода ҳисобида мешавад ва кӣ инро ҳал мекунад: оила, дин ё худи кӯдак?
– Агар кӯдаки ноболиғ хоҳиши рӯзадорӣ кунад, муҳимтарин чиз барои волидон ин аст, ки манфӣ муносибат накунанд. Аксар вақт кӯдак чунин тасмимро на бо сабабҳои динӣ, балки танҳо барои он мегирад, ки ҳамсолонаш аз оилаҳои бештар диндор ин корро кардаанд. Ва ӯ низ тасмим мегирад, ки рӯза медорад.
– Агар кӯдак худаш ба рӯзадорӣ исрор варзаду волидонаш шубҳа дошта бошанд, дар ин ҳолат чӣ гуна рафтор кардан дуруст аст?
– Падару модар бояд инро оромона пазируфта, тақрибан бояд чунин гӯянд: “Мебинам, ки калон шудаӣ ва вақти дар ин хусус суҳбат кардан омадааст. Аз ту пурсидан мехоҳам, ки чаро ту рӯза доштан мехоҳӣ, рӯзагириро чӣ хел мефаҳмӣ ва дар ин бора чиҳоро медонӣ?”. Ин ҷо метавон посухе гирифт, ки шояд волидон интизорӣ надоштанд. Ё шояд наврас ҳамту китф дарҳам кашида, посух дода натавонад.
Ба ӯ кумак карда, фаҳмонед, ки рӯзадорӣ ба кӯдакон дар ислом ҳатмӣ нест. Он ихтиёрӣ буда, дар ҳолати солим будани кӯдак иҷоза аст. Фаҳмонед, ки боз дигар корҳое ҳам ҳаст, ки ба рӯзадорӣ баробаранд: кумак ба камбизоатон, ёрӣ дар тайёр кардани ифтор, некӣ кардан ва ғайра.
Агар кӯдак исрор варзад, ба ӯ метавон пешниҳод намуд, ки як рӯз дар рӯзи истироҳати ҳафта рӯза дорад, то ки ба зеҳну ақлаш сарборӣ нашавад ва волидон тавонанд, ки ҳолати кӯдакро назорат кунанд. Ва ӯро барои таваҷҷуҳ ва хоҳиши ин коро кардан таърифу ситоиш кардан лозим аст. Гуфтан даркор аст, ки ҳоло вақташ ояд, ӯ ҳам мувофиқи ҳамаи қоидаҳо рӯза мегирад.
– Чӣ метавон кард, агар наврас аз ҷониби ҳамсолонаш фишор ҳис кунад, яъне “ҳама рӯзадоранд ва ман ҳам бояд дорам”?
– Ба наврас фаҳмонидан муҳим аст, ки ҷасурии шахс на дар такрор кардани корҳое, ки дигарон мекунанд, балки фикри худро доштан ифода меёбад.
Ба кӯдак дуруст посух доданро ба ҳамсолонаш ёд диҳед. Масалан: “Ман ҳоло ба рӯзадорӣ омода нестам, лекин ба иҷро кардани бисёр корҳои нек омодаам ва ба модарам дар тайёр кардани ифтор ёрӣ мерасонам”. Аз ҳама муҳимаш дар он аст, ки ноболиғ на муқовимату маҷбур ва манъкунӣ, балки дастгирӣ ва фаҳмишро дар симои волидони худ ҳис кунад.





