Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз корхонаҳое, ки масъули нигоҳубини роҳҳои кишвар ҳастанд,  даъват кардааст, ки ба номусоидии ҳаво аз ҷумла, боридани борону омадани сел, инчунин, фаромадани тарма омода бошанд. Ба ронандагон тавсия додаанд, ки зимни ҳаракат дар чунин ҳаво эҳтиёт бошанд. Ин ниҳод, бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки охири моҳи март дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз корхонаҳое, ки масъули нигоҳубини роҳҳои кишвар ҳастанд,  даъват кардааст, ки ба номусоидии ҳаво аз ҷумла, боридани борону омадани сел, инчунин, фаромадани тарма омода бошанд. Ба ронандагон тавсия додаанд, ки зимни ҳаракат дар чунин ҳаво эҳтиёт бошанд.

Ин ниҳод, бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки охири моҳи март дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин, дар баъзе вилоятҳо ғафсии қабати барф то 30 сантиметр расида, инчунин сатҳи об дар дарёҳо баланд мешавад. Ба ғайр аз ин, хатари фаромадани сангу омадани сел дар роҳҳо вуҷуд аст.

Вазорат гуфтааст, ки бар асари боришоти зиёди рӯзҳои ахир дар қаламрави ВМКБ ва водии Рашт, селу тарма фаромада, ба чанд роҳи мошингарди кишвар зарар расонидааст.

"Дар километри 661-уми роҳи байналмилалии "Душанбе – Кулма", дар мавзеи Гундии ноҳияи Шуғнон, инчунин дар километри 33-юми роҳи автомобилгарди "Рӯшон – Бартанг" тарма фаромада, дар деҳаҳои Аличур ва Мамаддзоири ноҳияи Мурғоб, Хостав ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сел омад, ки ҳаракати нақлиётро халалдор кард", – гуфтааст ин ниҳод.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Ҳамчунин, вазорат гуфтааст, ки дар ноҳияҳои водии Рашт, бахусус дар Нуробод, Сангвор ва Лахш низ борону барф боиси фаромадани тарма ва омадани сел гардидааст. Ба иттилои Вазорати нақлиёт, аз моҳи феврал то имрӯз, дар роҳи байналмилалии автомобилгарди "Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қиргизистон" ва роҳи автомобилгарди "Лабиҷар-Сангвор-Қалъаихумб" фаромадани беш аз 30 тармаи хурду бузург ба қайд гирифта шудааст.

"Офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои мазкур ба қабати роҳҳо ва инфрасохтори он осеб расониданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе маҳалҳо муваққатан қатъ гардид”, – омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.

Вазорат гуфтааст, ки ҳоло ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои кишвар барқарор гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.