Саводнокии молиявӣ на танҳо малакаи муфид аст, балки барои бисёре аз оилаҳои деҳот дар Тоҷикистон он ба як тарзи таъмини рӯзгор табдил меёбад.
Ҳар субҳро Гуландом аз ҳисобу китоб оғоз мекунад: гов имрӯз чӣ қадар шир медиҳад, дар танӯр чанд дона нон пухтан муяссар мегардад ва оё пул мерасад, ки лоақалл ҳамин рӯз барои кӯдакон гӯшт харад.
Дар хонаи ӯ шаш нафар иқомат доранд: худашу шавҳараш ва чор нафар фарзандонашон. Шавҳараш бештари вақт дар Русия кор мекунад. Вақти дар Русия машғули кор будани ӯ, идоракунии буҷети оила ба дӯши ӯ вогузор аст.
Имрӯз ӯ панҷ литр (1 литр – 6 сомонӣ) шир мефурӯшад, ки ҳамагӣ 30 сомонӣ мешавад. Маблағи асосӣ аз Русия меояд. Лекин интиқоли пул на ҳама вақт саривақтист, лекин хароҷот дар оила ҳар рӯз пайдо мешавад.

Ҳаёту рӯзгори ин оила барои бисёре аз ноҳияҳои деҳоти Тоҷикистон як вазъияти муқаррарист. Даромади ин ҷо аз интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон, кори мавсимӣ ва хочагии начандон бузург ҳосил мешавад. Пули аз ҳама зиёдтар барои чизи аз ҳама зарурӣ – ғизо сарф мешавад.
Пул аз се манбаъ
Сарчашмаи асосии даромади оила интиқоли пул аз ҷониби шавҳараш аз Русия аст. Аз моҳи апрел то ноябр ӯ ҳар моҳ аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ мефиристад. Зимистон ӯ ба хона баргашта, дар мардикорбозор кори муваққатӣ мекобад. Баъзан кор ёфт шуда, вақти дигар кор нест.
Вақти дар Русия машғули кор будани ӯ, идоракунии буҷети оила ба дӯши ӯ вогузор аст.
Ин оила дар ҳавлиашон як гов бо гӯсолааш доранд. Ҳар рӯз Гуландом 4-5 литр шир мефурӯшад. Ин дар як моҳ тақрибан 900 сомонӣ мешавад. Пас аз хароҷот ба хӯрокаи онҳо, ҳудуди 500 сомонӣ боқӣ мемонад.
Аз баҳор то тирамоҳ ӯ ҳамчунин дар заминҳои кишоварзони маҳаллӣ кор мекунад. Ин ҷо кор гуногун аст: хишоваи пиёз, ҷамъоварии ҳосил, дарави гандуму шолӣ, ҷамъоварии ангур ва ғайра.
Дар як рӯз 100-150 сомонӣ пул пардохт мекунанд. Агар муддатти 15-20 рӯз дар як моҳ кор пайдо шавад, ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ кор кардан имкон дорад. Лекин аз моҳи апрел то октябр, зеро зимистон чунин кор нест. Дар ин вақт ӯ дар танӯр кулча пухта, писараш онҳоро дар бозори маҳаллӣ мефурӯшад. Аз ин кор давоми як ҳафта 300-400 сомонӣ пул кор кардан мумкин аст.
Даромади оила дар як моҳ ба ҳисоби миёна аз 5 то 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Лекин он доимӣ нест ва ба мавсиму интиқоли пул аз Русия вобаста мебошад.
Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон зиёда аз 30%-и иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаи баланд дар ҷаҳон аст.
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, соли 2025 оилаҳо барои ғизо зиёда аз нисфи буҷети худро сарф кардаанд, ки ҳудуди 570 сомонӣ ба як кас дар як моҳ рост меояд.

Барои оилаи иборат аз 6 нафар хароҷот барои хӯрок метавонад то ба 3-4 ҳазор сомонӣ расад. Бештари пул барои нону гӯшт, равғани растанӣ ва сабзавот харҷ мешавад. Қисмати боқимондаи буҷет барои харидани сарулибос, лавозимоти мактабӣ барои кӯдакон, нақлиёт, алоқа ва пардохтҳои коммуналӣ истифода мешавад.
Тибқи маълумоти расмӣ, даромади миёна ба як нафар дар кишвар соли 2025 ҳудуди 1110 сомонӣ дар як моҳро ташкил дода, хароҷот низ қариб ба ҳамин қадар маблағ баробар буд. Ин маънои онро дорад, ки барои аксарияти оилаҳо барои пасандоз кардан қариб дигар пул боқӣ намемонад.
Чор хавф барои буҷети оила
Ҳатто агар оила барои сарфа кардан кӯшиш кунад ҳам, ҳолатҳое мешаванд, ки ба буҷет метавонанд дар як лаҳза зарба зананд. Ин пеш аз ҳама беморист. Табобат ва дорувории тиббӣ метавонанд якчанд ҳазор сомонӣ нарх дошта бошанд. Дар чунин ҳолатҳои оилаҳо аксар вақт қарз мегиранд.
Дар идома анҷоми расму оинҳои оилавӣ қарор доранд. Тӯйу ҳоҷӣ-ошӣ ва маъракаҳои азодорӣ як қисмати муҳими ҳаёти анъанавии рӯзмарра боқӣ мемонанд. Ҳатто барои як маъракаи хоксорона низ якчанд ҳазор сомонӣ лозим мешавад.
Дар оилаи Гуландом имсол ягон тӯйу, ҳаҷравӣ ва маъракаи азодорӣ набуд. Лекин ҳамсояҳо ва хешовандон чунин чорабиниҳо гузарониданд. Барои рафтан ба ин маъракаҳо оила бояд ҳатман бо худ туҳфа барад. Барои ин ҳам фоизи назарраси буҷети оила масраф мешавад.
Боз як хавфи дигар барои буҷети оила талаф додани амвол мебошад. Агар чорво гови ширдеҳ бошаду бемор шавад ё онро дузданд, оила метавонад аз як манбаи таъмини рӯзгораш маҳрум шавад.
Шомгоҳон Гуландом пулҳоро ҳисоб мекунад. Баъди харид чӣ қадар боқӣ монд ва оё то дафъаи дигари фиристодани пул мерасад? То интиқоли навбатии маблағ ҳоло ду моҳи дигар вақт ҳаст. Пас лозим меояд, ки бисёртар кулча пухта, аз маҳсулоти сарфакорӣ кард.

Оё буҷетро ба нақша гирифтан мумкин аст?
Иқтисодчиён мегӯянд, ки ҳатто дар сурати даромади паст доштан ҳам, ҳисобу китоби пул муҳим аст. Тарзи одитарин тақсими даромад ба се қисм аст: хароҷоти асосӣ, харидҳои ҷорӣ ва пасандоз.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз қоидаи 50/30/20 истифода мебаранд. Аммо дар воқеъияти Тоҷикистон то 60-70%-и буҷет танҳо барои маҳсулоти хӯрокворӣ сарф мешавад.
Бо вуҷуди ин, мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки лоақал маблағи начандон зиёд – 5-10%-и даромад ба пасандоз гузошта шавад. Дар ҳолати беморӣ ё аз даст додани даромад, ҳатто захираи 500-1000 сомонӣ метаонад болишти начандон зиёди бехатар бошад.





