Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии буҷаи давлатӣ ба Тоҷикистон 20 млн. $ ҷудо мекунад

            Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи бурси барномавии саввум барои таҳияи чорабиниҳо бо мақсади рушд Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии буҷаи давлатӣ ба Тоҷикистон 20 млн. $ ҷудо мекунад.             Дар иттилоияи расмии интишоргаштаи намояндагии бонк дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «бурси барномавии саввум барои таҳияи чорабиниҳо бо мақсади рушд ба дастгирии ислоҳот […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи бурси барномавии саввум барои таҳияи чорабиниҳо бо мақсади рушд Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии буҷаи давлатӣ ба Тоҷикистон 20 млн.


$




ҷудо мекунад.





           

Дар иттилоияи расмии интишоргаштаи намояндагии бонк дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «бурси барномавии саввум барои таҳияи чорабиниҳо бо мақсади рушд ба дастгирии ислоҳот дар бахши хусусӣ, идораи бахши давлатӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ равона гардидааст». Бо дархости ҳукумати Тоҷикистон мақомоти раҳбарии бонк ҳаҷми бурсро аз 10 млн. долллари пешбинишуда то 20 млн. $ зиёд кардааст. «Бурси мазкур ба Тоҷикистон барои коҳиши оқибатҳои ногувори бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ихтисос дода мешавад», – оварда шудааст дар иттилоия.




           

Дар иттилоия ҳамчунин зикр мегардад, ки қабл аз тавофуқ ҳосил кардан оид ба ҷудо кардани ин бурс ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахшҳои калидӣ як қатор ислоҳот ҷорӣ сохтааст. Тибқи иттилои бонк, ин саввумин бурсест, ки бонк ҷиҳати дастгирии барномаи ислоҳоти ҳукумат баҳри коҳиши сатҳи камбизоатӣ ҷудо менамояд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.