Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кор шурӯъ кард

            Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ баргузор мешавад.             Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа ба ҷуз масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, масоили марбут ба марзҳо низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. «Ҳайати […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз


дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ баргузор мешавад.






           




Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа ба ҷуз масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, масоили марбут ба марзҳо низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. «Ҳайати Ӯзбекистонро муовини аввали нахуствазир, вазири молияи Ӯзбекистон Рустам Азимов роҳбарӣ менамояд», – гуфт манбаъ.




           

Тибқи иттилои сарчашма аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ тақрибан 13 масъала, аз ҷумла масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои истифодаи захоири обиву энергетикӣ, нақлиёт ва ғайра баррасӣ шуда, масъалаи транзити нерӯи барқи Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ба кишвари мо дар меҳвари ҷаласа қарор хоҳад дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.