Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кор шурӯъ кард

Date:



           

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз


дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ баргузор мешавад.






           




Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа ба ҷуз масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, масоили марбут ба марзҳо низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. «Ҳайати Ӯзбекистонро муовини аввали нахуствазир, вазири молияи Ӯзбекистон Рустам Азимов роҳбарӣ менамояд», – гуфт манбаъ.




           

Тибқи иттилои сарчашма аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ тақрибан 13 масъала, аз ҷумла масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои истифодаи захоири обиву энергетикӣ, нақлиёт ва ғайра баррасӣ шуда, масъалаи транзити нерӯи барқи Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ба кишвари мо дар меҳвари ҷаласа қарор хоҳад дошт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...