Тоҷикистону Ӯзбекистон шояд марҳилаи тозаи роҳандозии муносиботи дуҷонибаро пеш гиранд, – назари коршинос

Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқотии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бар чунин назар аст, ки шояд Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи тозаи роҳандозии муносиботи дуҷонибаро пеш гиранд. Ақидаи худро коршинос ба суханронии сарвари давлат дар Брюссел нисбат медиҳад ва мегӯяд, он ҷо Э.Раҳмон изҳор дошт, ки дар ниҳояти кор масоили баҳсталаби минтақа […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқотии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бар чунин назар аст, ки шояд Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи тозаи роҳандозии муносиботи дуҷонибаро пеш гиранд.




Ақидаи худро коршинос ба суханронии сарвари давлат дар Брюссел нисбат медиҳад ва мегӯяд, он ҷо Э.Раҳмон изҳор дошт, ки дар ниҳояти кор масоили баҳсталаби минтақа бо кишварҳои ҳамсоя роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд намуд.



Ба гуфтаи коршиноси масоили сиёсӣ, ташаннуҷи вазъ миёни кишварҳои ҳамҷавор ба манфиати ҷонибҳо нест ва «мо бояд ҳамсоягони хуб бошем, зеро агар мо чунин воқеиятро дарк насозем, ин вазъро дигарон алайҳи мо истифода хоҳанд бурд». «Эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои миллии ҳамдигар – омили аслии беҳбуди муносиботи дуҷониба мебошад ва мантиқи рушди сиёсии минтақа гувоҳи он аст, ки мо бидуни ҳамдигар ба таъмини рушд муваффақ нахоҳем гашт», – гуфт ӯ.



С.Сафаров мӯътқид аст, ки раҳбарияти сиёсии давлатҳо аз ин ба хубӣ огаҳанд. «Зарур аст, то ҷомеаи коршиносон низ тарзи бархӯрди хешро ба муносиботи дуҷониба миёни кишварҳо тағйир бидиҳанд», – афзуд коршинос.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.