Дар Бишкек паҳлавони тоҷик барандаи мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гӯштии самбо гардид

Душанбе. 12-уми феврал – Паҳлавони тоҷик Олим Зикаев барандаи мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо дар шаҳри Бишкек гардид. Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои гиромидошти хотираи сарбози интернасионалист Виталий Гордеев барои бори 22-юм дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, ба ғайр аз мизбонон гуштигирони Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат варзиданд. Шарафи варзиши тоҷикро дар […]

root


Душанбе. 12-уми феврал – Паҳлавони тоҷик Олим Зикаев барандаи мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо дар шаҳри Бишкек гардид.




Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои гиромидошти хотираи сарбози интернасионалист Виталий Гордеев барои бори 22-юм дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, ба ғайр аз мизбонон гуштигирони Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.



Шарафи варзиши тоҷикро дар ин мусобиқа намояндагони бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати дифоъи кишвар дар навъи самбои варзишӣ ҳимоя карданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Олим Зикаев дар вазни то


57 кг

бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, ҷои аввалро касб намуд ва бо медали тиллои мусобиқа мукофотонида шуд.



Дар панҷ вазн гуштигирони қирғиз ва дар се вазни дигар намояндагони Қазоқистон пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.