Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 1,44 млн шаҳрванди Тоҷикистон рафтаанд, ки аз ин 950 ҳазор кас бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ будааст. Дар ин бора нашрияи руси “Ведомости” бо истинод ба маълумоти Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия хабар додааст.
Ин тақрибан 15% камтар нисбат ба соли 2024 аст. Тибқи иттилои ин ниҳод,он замон ҳудуди 1,7 млн шаҳрванди Тоҷикистон (1,04 млн нафари онҳо муҳоҷирон) ба Русия ворид шуда буданд.
Русия ба тасдиқи созишномаи навшуда бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон ба кори муваққатӣ омодагӣ мегирад. Тағйирот аллакай аз ҷониби комиссияи ҳукумат тасдиқ шуда, барои тасдиқ пешниҳод мешаванд.
Санади мазкур ба рушди низоми ҷалби муташаккилона – механизме, ки дар он кормандони хориҷӣ ба кишвар назди корфармои мушаххас ба вазифа ва муҳлатии муайян меоянд, равона шудааст. Ба андешаи масъулин, ин тадбир раванди муҳоҷиратро бояд зери назорат қарор диҳад ва қонунӣ гардонад.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо, марҳилаҳои омодагии кормандон, дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар ин ҷо кормандон метавонанд аз ҷумла забони русиро омӯхта, инчнуин аз таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Талаботи мазкур ҷиҳати гирифтани патент барои кор зарур аст.
Ғайр аз ин, ВКД Тоҷикистон муҳоҷиронро аз санҷиши доғи судӣ ва таҳти пайгард қарор доштани онҳо мегузаронад ва маълумоти биометрӣ, аз ҷумла изи ангуштон ва аксро ҷамъоварӣ мекунад. Гузаштан аз муоинаи тиббӣ, тариқи муассисаҳои тиббии Русия ё намояндагии онҳо дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Омори муҳоҷирон дар Русия ҳамеша баҳсбарангез аст. Мақомоти Русия мегӯянд, дар ин кишвар беш аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд. Вале мақомоти Тоҷикистон омори онҳоро камтар – 600-700 ҳазор кас мегӯянд.
Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши патент ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо машғули кор ба муҷҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.


