Дар сурати сарфи назар кардани Фармони ахири президент дар бораи ВАО роҳбарони мақомоти давлатӣ мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешава

Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сурати сарфи назар кардани Фармони президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқид ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма, роҳбарони мақомоти давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва дигар қонунхои дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин матлабро имрӯз дар як мизи мудаввар сардори шӯъбаи иттилооти […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сурати сарфи назар кардани Фармони президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқид ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма, роҳбарони мақомоти давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва дигар қонунхои дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин матлабро имрӯз дар як мизи мудаввар сардори шӯъбаи иттилооти дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат Саидалӣ Сиддиқов баён кард.




Ба гуфтаи ӯ, имрӯз нусхаи фармони раиси ҷумҳур, ки 7-уми феврали соли ҷорӣ содир гардид, миёни 700 муассисаи дахлдори кишвар тақсим карда шуд. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев гузошта шуда, мониторинг ва ҳамоҳангсозии механизми иҷрои фармони мазкур бар дӯши масъулини шӯъбаи иттилооти дастгоҳ вогузор гардидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.