Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Қаҳҳор Маҳкамов ва Шукурҷон Зуҳуров то Чарли Чаплин

Asia-Plus

 

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии “Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим” ифтитоҳ мегардад. Маросими ифтитоҳӣ дар Кохи фарҳанги Суғдиён баргузор шуда, форум ду рӯз, рӯзи 17-уми апрел низ идома мекунад. Ҳадафи он пешбурди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, муаррифии имконоти сайёҳӣ ва таърихии вилоят гуфта мешавад.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1997 – Дар Тоҷикистон шаҳрванди шашмиллионум ба дунё омад, ки волидайнаш ӯро Эмомалӣ номиданд.

Соли 2001 – Дар Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии “Тоҷикангишт” ва “Тоҷикгаз” таъсис дода шуданд.

Соли 2008 – Парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”-ро қабул кард.

Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон қонунҳо “Дар бораи нотариати давлатӣ”, “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Тоҷикистон”, “Дар бораи муҳофизати растаниҳо”, “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” ва  “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ”-ро имзо кард.

Соли 2020 – Бо сабаби пандемияи коронавирус шаҳрдории Душанбе баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва сайругашти ҷашни Рӯзи пойтахтро лағв кард. Ҳамчунин, президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат мардумро ба захираи дусолаи маводи ғизоӣ даъват намуд.

Соли 2020– Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Далер Шарифов, хабарнигори тоҷикро ба як соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Мақомот Далер Шарифовро ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ гунаҳкор карданд. Худи Далер Шарифов ва хонаводааш ин иттиҳомро беасос номиданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1932 – Мавлуди Қаҳҳор Маҳкамов, аввалин президенти Тоҷикистон.

Қаҳҳор Маҳкамов соли 1932 дар Хуҷанд ба дунё омада, ибтидо техникуми саноатии Душанбе ва соли 1953 Донишкадаи кӯҳкории Ленинград, Петербурги кунуниро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро ба ҳайси усто дар конги ангишти Шӯроб оғоз карда, то ба симати раиси идораи “Тоҷикангишт” сабзид.

Соли 1963, вақте ҳамагӣ 31 сол дошт, раиси Госплан ва муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин шуд. Баъди 19 соли кор дар ин мақом дар соли 1982 раиси Шӯрои вазирон ва соли 1985, баъди барканории Раҳмон Набиев котиби якуми ҳизби коммунист, ҳизби ҳокими вақти Тоҷикистон шуд.

Моҳи апрели соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва 30 ноябри ҳамон сол аз сӯи парлумон раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. 30 августи соли 1991 , ҳамагӣ 9 моҳ баъд аз расиданаш ба ин мақом таҳти фишори эътирозгарон истеъфо дод. Ба ҷои ӯ ба мақоми президентӣ Раҳмон Набиев баргашт, нафаре ки дар соли 1985 курсии раҳбари аввали Тоҷикистонро Маҳкамов маҳз аз ӯ гирифта буд.

Ӯ аз соли 2000- узви Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд. 

Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар Душанбе дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1932 – Зодрӯзи Шукур Султонов, муаррихи тоҷик ва ходими давлатӣ.

Соли 1953 – Мавлуди Адолат Комилова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Адолат Комилова баъди хатми Институти давлатии педагогии Кӯлоб солҳои 1972-1976 сарояндаи Театри халқии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, солҳои 1976-1996 сарояндаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб, аз соли 1996 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешин) фаъолият мекард.

Ӯ дар ҳавои оҳангҳои классикӣ сурудҳои зиёд иҷро намудааст, аз ҷумла “Марги нигоҳ”, “Нигоҳ дорӣ имонамро”, “Ҳикоят мекунад” аз ин қабиланд.

Аз осори шуарои муосир ва мероси халқӣ таронаҳои “Садои қалб”, “Тоҷикистон”, “Сабзинранг”, “Ишқи ту доди Худо”, “Намебахшам” ва даҳҳо таронаҳои ҳамсонро иҷро намудааст.

Соли 1954 – Мавлуди Шукурҷон Зуҳуров, сиёсатмадори тоҷик, собиқ раиси парлумон.

Зуҳуров Шукурҷон хатмкардаи Донишгоҳи муҳандисии заминсозии шаҳри Маскав ва Академияи идоракунии Русия аст. Ӯ қаблан дар Раёсати кишоварзии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Раёсати кишоварзии Қӯрғонтеппа, Кумитаи марказии Иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони умумииттифоқ фаъолият кардааст. Солҳои 1983-1986 котиби Кумитаи марказии Комсомоли Тоҷикистон, солҳои 1986-1989 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) буд.

Минбаъд дар вазифаҳои мудир ва ҷонишини мудири шуъбаи ҳизбӣ ва кадрҳои Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва тарбияи коргарӣ кор кардааст.

Солҳои 1992-1997 вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд ва солҳои 2006‒2010 дубора дар ин вазифа кор кардааст.

Ӯ узви Комиссияи оштии миллӣ буд ва дар бисёр музокира ва истиқрори баъдиҷангӣ иштирок кардааст.

Минбаъд дар вазифаҳои директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаи қарзи Бонки Ҷаҳонӣ барои барқарорсозии баъди низоъ дар минтақаи Рашт, мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муовини роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии №3 ноҳияи Қубодиён вакили пурламон интихоб шуд ва солҳои 2010‒2020, ду давра раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.

Ҳоло бознишаста аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

16 апрели соли 1889 Чарли Чаплин, ҳунарпеша ва коргардони синамо, филмноманавис, таҳиякунанда ва тадвингари маъруф дар Лондон ба дунё омадааст. Нақши “Ҷентелмени бе кор” дар асари “The Tramp” (1915) беҳтарин нақши ӯ буд, ки барояш маъруфият низ овардааст.

Чарли Чаплин ба истифода аз жанри мазҳака кӯшиш кардааст падидаҳои номатлуби замонашро ба зери интиқод гирад.

16 апрели соли 1618 олим ва табиби машҳури англис Вилям Ҳарвей дар як суханронии худ дар Лондон бори аввал дидгоҳашро оид ба низоми гардиши хун дар ҷисми инсон ва дигар ҳайвоноти гармхун баён намуд. Ӯ ҳисоб кард, ки хун дар ду доира ҳаракат мекунад: доираи хурд – тавассути шушҳо ва доираи калон – тавассути тамоми бадан.

Баъди даҳ соли ин суханронӣ, соли 1628, Ҳарвей китоби “Тадқиқоти анатомӣ дар бораи ҳаракати дил ва хун дар ҳайвонот”-ро нашр кард. Ин асар классикӣ шуд ва тасаввуроти пешина дар бораи гардиши хунро, ки бар асоси ақидаҳои табиби машҳури Юнон Қалидиус Галени қадимӣ асос ёфта буданд, рад кард.

16 апрел ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии садо таҷлил мешавад. Он ба тавоноии овоз ва нақши он дар ҳаёти инсон бахшида шудааст.

Мақсади ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи табибон ва аҳолии ҷаҳон ба ин неъматест, ки ба инсон имкон медиҳад, то муошират кунад, эҳсосоташро баён намояд ва зебоии овозро эҳсос кунад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, саҳаргоҳон ва рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан шиддат мегирад. Раъду барқ ва боридани жола низ аз эҳтимол дур набуда, гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок, саҳаргоҳон ва рӯзона борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан шиддат мегирад. Раъду барқ ва боридани жола низ аз эҳтимол дур набуда, гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 15+20º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок, саҳаргоҳон ва рӯзона борон борида, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Гарду ғубор низ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, саҳаргоҳон ва рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок, рӯзона баъзан борон борида, гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 10+12º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 6+8º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 16 ба 17-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Мунтахаби муштзанони Тоҷикистон ба марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон ба Бразилия раҳсипор мешавад

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро аз 4 нафар варзишгарон эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз рейдҳо дар саросари кишвар ҳудуди 6 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия ихроҷ мешаванд

Барои 7,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ вуруд ба кишвар манъ шудааст.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.