Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Давоми соли 2025 дар қисмҳои низомии Тоҷикистон 123 ҷинояти вобаста ба латукӯб ва озори сарбозон, зӯроварӣ нисбати сардор, худсарона тарк кардани макони хидмат ва фирори сарбозон ошкор шудааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ аз муҷозоти 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки чанд масъули комиссариатҳои ҳарбӣ барои вайрон кардани тартиби даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ё ба истилоҳ “облава” аз вазифа барканор шудаанд.

Омбудсмен гуфтааст, ки соли гузашта дар умум 66 ҷинояти латукӯб ва озори сарбозон (моддаи 373-и КҶ), истифодаи зўроварӣ дар ҳаққи сардор (моддаи 370-и КҶ) ва сўйиистифодаи ҳокимият ё мақоми хидматӣ (моддаи 391-и КҶ) ба қайд гирифта шудааст.

Ин ниҳод нагуфтааст, ки дар ин ҳолатҳо чанд кас ҷазо гирифтаанд. Вале ин бандҳои қонунгузорӣ аз ҷарима то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар гузориш омадааст, ки дар соли 2025-ум 20 сарбоз худсарона маҳалли хидматро тарк ё фирор кардаанд. Омбудсмен аз ин амали сарбозон ҷиноят ном бурда, гуфтааст, ки барои худсарона тарк кардании қисми ҳарбӣ ва фирор (моддаҳои 374 ва 375-и КҶ), ҷазо гирифтаанд.

Акси марбут аз Радиои Озодӣ

Аммо мушаххас ин ҷавонон чӣ ҷазо гирифтаанд гуфта нашудааст. Ин иттиҳомот дар ҳолатҳои гуногун аз 1 то 12-соли зиндон ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Инчунин 37 нафар барои сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хидматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хидматӣ баромадан (моддаи 391-и КҶ) ҷазо гирифтаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 15-соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Омбудсмен гуфтааст, ки дар 4- қисми ҳарбии Вазорати дифоъ дар Хоруғ, Ишкошим, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров чанҷиш гузаронида бо вазъи риояи ҳуқуқи сарбозон ва шароити будубоши онҳо шинос шудаанд.

Намояндагони ин ниҳод бо 42 афсар ва 52 сарбоз суҳбат карда, дар бораи эҳтимолияти истифодаи зӯроварӣ ва таҳқир дар миёни сарбозону афсарон, худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ, ҷалби сарбозон ба корҳои ба хидмат вобастанабуда пурсидаанд.

Ба иддаои Омбудсмен,  роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ барои пешгирӣ аз латукӯбу шиканҷа шудани сарбозон ва бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

“Мониторинги қисмҳои ҳарбӣ нишон дод, ки ҷойи хоби сарбозон ба талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй мебошад. Хидматчиёни ҳарбӣ бо сару либоси якхела таъмин буда, ҳуҷраҳои маишӣ ва фароғатӣ, ҷойҳои дастурӯйшӯйӣ, ҷомашӯйӣ бо воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд”,-зикр шудааст дар гузориш.

Акси марбут аз АМИТ "Ховар"

Ин ниҳод гуфтааст, ки нисбат ба солҳои қабл вазъи ҳуқуқдонии сарбозон беҳтар шудааст, вале то ҳол бархеи онҳо ҳуқуқҳои худро намедонанд.

Омбудсмен гуфтааст, ки соли гузашта 3 шикоят вобастта ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбиро баррасӣ кардааст.

Аз ҷумла, як шаҳрванд дар хусуси ғайриқонунӣ ҷалб шудани фарзандаш ба хидмати ҳарбӣ аз сӯйи кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Конибодом шикоят кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки муроҷиати мазкурро Додситонии кул баррасӣ карда, дар натиҷа сарбоз барои ташхис ва қобили хидмат набудан дар госпитали шаҳри Бӯстон бистарӣ шудааст.

Қаблан аз Додгоҳи Олӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, додгоҳҳои кишвар соли гузашта барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 120 парвандаи ҷиноиро нисбати 96 ҷавон баррасӣ карда, алайҳи 27 нафар ҷазои маҳрумият аз озодӣ ва нисбати 69 ҷавони дигар ҷарима таъин кардаанд.

Қаблан низ расонаҳо аз оғози парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ҷавонон барои саркашӣ кардан аз хидмати ҳарбӣ иттилоъ дода буданд. Аз ҷумла, дар соли 2024 мақомот аз оғоз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини 22-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ хабар дода буданд.

Ҳамасола бо шурӯъи маъракаи даъвати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва шароити хидмату муносибати дағал бо эшон доғ мешавад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Ҳоло дар кишвар мавсими баҳории даъват ба хидмат, ки аз 1-уми апрел оғоз шуд, идома дорад. Бар асоси фармони раисҷумҳур, ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба артиш даъват мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар 20 рӯзи аввали маъракаи даъват 89,1% иҷро шудааст.

Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар ин пайванд посух гирифта метавонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.