Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1930 – Дар Душанбе аввалин театр-студияи мусиқавӣ таъсис ёфт.

Соли 1933 – Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон  – ҳоло Китобхонаи илмии марказии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ кушода шуд.

Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Куриё муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.

Соли 2012 – Радиои “Азия-Плюс” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба пахши барномаҳо оғоз кард.

Соли 2012 – Тоҷикистон ва Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қатар созишнома ба имзо расониданд.

Соли 2016 – Дар Нерӯгоҳи обии Норак аввалин зеристгоҳи 500 кВ бо технологияи КРУЭ дар Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2016 – Дар соҳили дарёи Вахш  истироҳатгоҳи замонавии “Пули Сангин” ифтитоҳ ёфт.

Соли 2017 – Ширкати шведии Telia саҳмияҳои худро дар ширкати Tcell (60%) ба Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ бо маблағи 27,7 миллион доллар фурӯхт.

Соли 2020 – Дар тамоми мактабҳо ва кӯдакистонҳои кишвар ба хотири пешгирӣ аз коронавирус таътили ғайринақшавӣ то 10-уми май эълон шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1902 – Зодрӯзи Файзулло Исматов, ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Файзулло Исматов аз овони ҷавонӣ дар театри ҳаваскорони назди клуби “Озуқачиён”-и Бухоро ҳунар озмуда, баъдан ба Тоҷикистон омад ва дар Театри давлатии драмаи ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша ба фаъолият пардохтааст. Ӯ дар ин боргоҳ то соли 1960 фаъолият кард ва барои ба по гузоштани аввалин театри касбии тоҷик талоши зиёд намуд. Ӯ бештар дар намоишномаҳои миллӣ нақш меофарид, аз ҷумла дар намоишномаҳои “Ҳалима”, “Ҳуҷум”, “Шоҳнома”, “Бой ва хидматгор”, “Майсара”, “Виҷдон”, “Калтакдорони сурх”, “Таҳмоси хуҷандӣ”, “Водии бахт”, “Дохунда”, “Марги судхӯр” нақш бозидааст.

Соли 1927 – Мавлуди Аъзам Сидқӣ, нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик.

 

Аъзам Сидқӣ яке аз адибони забардасти тоҷик буда, солҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаи театр низ фаъолият доштааст.  Ӯ аввал як муддат дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаи “Хорпуштак” фаъолият кард. Баъдан роҳбари Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъин шуд. Солҳои 1977-1985 сарвари Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд. Аъзам Сидқӣ соли 1995 сардабири маҷаллаи адабии “Хуҷанд” таъин шуд ва то соли 2002 он ҷо фаъолият кард.

Шеъру манзумаҳои барои калонсолону наврасон эҷодкардааш дар маҷмӯаҳои “Ниҳоли орзу”, “Каттача”, “Дар сари кӯҳи баланд”, “Телпакамро хунук хӯрд”, “Олимҷон мактабхон шуд”, “Баҳору лолаву ишқ” ва ғайра ба табъ расидаанд. Ӯ муаллифи як силсила очеркҳо аст, аз ҷумла “Ҷӯра-саркор”, “Фарзанди замон”, “Раҳимбой Раҳматов”, “Дар он солҳои пурошӯб”. Дар заминаи очерки “Ҷӯра-саркор” филм ҳам офарида шудааст.

Аъзам Сидқӣ асарҳои саҳнавӣ низ эҷод кардааст, аз ҷумла, “Иродаи зан”, “Супориши ЧК”, “Адои қарз”, “Пароли нав”, “Дилшод”, “Шарораи муҳаббат”, “Достони Самандар”, “Сояи шайтон”, “Пайраҳаи зиндагӣ”, ки дар театр саҳнагузорӣ шудаанд.

Номбурда соли 2011 дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1938 – Зодрӯзи Заррагул Искандарова, ҳунарпешаи театр ва раққосаи тоҷик.

 

Заррагул Искандарова соли 1964 Институти давлатии театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро ба итмом расондааст. Фаъолияти корииашро соли 1956 чун раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 1959 кор кардааст. Аз соли 1965 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба сифати ҳунарпеша ва раққоса ба фаъолият пардохта, дар ин театр нақшҳои зиёде офаридааст. Аз ҷумла дар намоишномаҳои “Қишлоқи тиллоӣ”, “Тошбек ва Гулқурбон”, “Гулҳои сиёҳ”, “Мо аз Боми Ҷаҳон”, “Ашрофпараст”, “Ақида” нақши асосиро бозидааст. Аммо бештар ҳамчун раққоса ном ёфтааст.

Заррагул Искандарова 17-уми июни соли 2016 дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

27 апрел Рӯзи ҷаҳонии ороиши графикӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз расман аз соли 1995 инҷониб бо қарори Шӯрои байналмилалии ассотсиатсияҳои дизайни графикӣ (Icograda), ки 27 апрели соли 1963 дар Лондон таъсис ёфта буд, таҷлил мегардад. Ҳадафи ин рӯз тарғиби истифодаи дизайн ба хотири беҳбудии муҳити зист, бартараф кардани монеаҳо ва беҳсозии сифати зиндагии одамон мебошад.

 

Имрӯз Рӯзи ихтирои уребча аст. 27-уми апрели соли 1965 дар ИМА уребчаҳои якдафъаина бо тамғаи тиҷоратии “Pampers” патент гирифтанд. Ихтирокори он кимиёшиноси амрикоӣ Виктор Миллз буд, ки ҳамзамон бобои се набераи хурдсол буд. Миллз дар нигоҳубини наберагонаш дучори мушкилоти зиёд шуд ва уребчаро ихтироъ кард.

 

27 апрели соли 1908 Рақси рӯйи ях бори аввал ба барномаи Бозиҳои олимпии Лондон дохил шуд. Николай Панин Коломенкин аз аввалин қаҳрамонони олимпӣ гардид. Аз соли 1924 рақси рӯйи ях ба бахши доимии барномаи Олимпиадаи зимистона табдил ёфт.

 

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 20+25º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 31+33º гарм, шабона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 10+12º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 27 ба 28-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.