Хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро дарёфтаанд, танҳо пас аз панҷ соли иқомати доимӣ дар кишвар, метавонанд барои кӯдаконашон кумакпулӣ гиранд. Ин дар қарори аз ҷониби ҳукумати Русия қабулшуда зикр гардидааст.
Қоидаҳои нав аз 1 апрели соли 2027 мавриди амал қарор гирифтанд. Мувофиқи санад, ин шаҳрвандон танҳо пас аз 5 соли дарёфти шиносномаи Русия ва бо шарти иқомати доимӣ дар қаламрави Русия, метавонанд барои кӯдакон кумакпулӣ ба расмият дароранд.
“Ҳуқуқ ба кумакпулии ҳармоҳа ба ниёзмандон ба дастгирии иҷтимоӣ ба занони ҳомиладор ва шахсоне, ки фарзандони синии то 17-сола доранд, бо шарти шаҳрванди Русия будан ва иқомати доимии онҳо дар қаламрави Русия бо мақоми шаҳрванди Русия на камтар аз панҷ сол, дода мешавад”, – омадааст дар санад.
Маҳдудияти мазкур ба шаҳрвандони Русия аз рӯйи таваллуд, сокинони минтақаҳои ҳамроҳшуда, иштирокчиёни барномаи кӯчонидани ҳамватанон, инчунин иштирокчиёи амалиёти ҷангӣ дар Украина ва аъзои оилаи онҳо дахл надорад.
Дар қарор саҳеҳан зикр мешавад, ки “кумакпулии моҳона ба кӯдакон дар ҳаҷми 50% аз маблағи ҳадди ақалли зисти кӯдак, ки дар субъекти Русия ба санаи муроҷиат муқаррар шудааст, таъин ва пардохт мешавад”.
Ибтикори Вазорати меҳнат
Тавре ки РБК менависад, доир ба тақвияти талабот барои таъини кӯмакпулии ягонаи кӯдакон ба оилаҳои камдаромад Вазорати меҳнати Русия ташаббус зоҳир намуд. Дар вазорат тағйиротро ҳамчун «идомаи сиёсати пайдарпай барои истисно кардани ҳолатҳое, ки ангезаи гирифтани шаҳрвандӣ имконияти дарёфти пардохтҳои кӯдакона мегардад» маънидод карданд.
Ҳоло ҳар як шаҳрванди Русия, ки доимо дар ҳудуди кишвар иқомат дорад, сарфи назар аз аз муҳлати дарёфти шаҳрвандӣ, метавонад ба кумакпулӣ барои кудакон доваталабӣ кунад. Ҷорӣ намудани талаботи нави муҳлати панҷсолаи иқомат маҳз дар мақоми шаҳрванд имкон медиҳад, ки гирифтани пардохтҳо барои онҳое, ки бо тартиби умумӣ шаҳрвандӣ гирифтаанд, истисно карда шавад.
Қаблан бархе аз вакилони Думаи давлатӣ пешниҳод карда буданд, ки шартҳои гирифтани пардохт ва имтиёзҳои гуногуни давлатӣ барои шаҳрвандони нави Русия сахттар карда шаванд. Аз ҷумла, роҳбари фраксияи «Справедливая Россия – За правду» (Русияи боадолат – Барои ҳақиқат) Сергей Миронов тақрибан як сол пеш бо ташаббуси додани пардохтҳои иҷтимоӣ, имтиёзҳо ва сертификатҳои манзил ба муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия, ки на камтар аз 20 сол дар ҳудуди кишвар зиндагӣ кардаанд, изҳори назар карда буд.
Ӯ пешниҳод карда буд, ки ҳангоми пешниҳоди чунин намудҳои кумак, мисли кумакпулиҳои иҷтимоӣ, пардохтҳои иловагӣ ба нафақа, кумакпулӣ барои хариди манзил ё сохтмони хонаҳо барои оилаҳои ҷавон ва серфарзанд, инчунин кумакҳо барои иштирок дар барномаҳои қарздиҳии имтиёзноки ипотека, меъёри иқомати доимӣ ба назар гирифта шавад.
Дар шарҳи пешниҳод Сергей Миронов зикр кард, ки ахиран дар як қатор минтақаҳои кишвар вобаста ба додани сертификатҳои манзил ба оилаҳои муҳоҷирони дорои шаҳрвандӣ нофаҳмиҳо ба миён омадаанд.
«Одамон ба таври қонунӣ норозигӣ баён мекунанд, ки чаро ҳукумат ба шаҳрвандоне, ки ба наздикӣ шиноснома гирифтаанд, кумак мерасонад, дар ҳоле ки бисёре аз сокинони маҳаллӣ солҳо бенатиҷа дар ин навбат меистанд», — изҳор дошта буд ӯ.




